Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданМардум аз Бозор ранҷиданд...
- Бозор!..
- Ин гапи мегуфтагӣ не, бачаҳо. Барои мардҳо намешудагӣ гап, - гуфт Бозор ба мардҳо ва гўш ба даҳони Наим истод. Маслиҳати Наимро мунтазир буд.
- Пас шумо кистед?
- Ман Наиму ин Бозор! – гуфт Наим бо ситеза ва пас аз андаке таваққуф оҳанги гуфторашро мулоим кард. - Сафия касал, дарди кўдак дорад...
Духтарҳо шармида, рўяшонро бо лаби остин пўшиданд. Мардҳое, ки дар мўяшон сафедӣ дамида буд, даст ба гиребон бурданд. Ҷавонмардҳо ба ҳамдигар нигариста, тааҷҷуб карданд.
Сафарбойи аз гапи дунё бехабар сари худро миёни дастҳо гирифта меҷунбонд: гўё онро вазн мекарду фаҳмидан мехост, ки чӣ арзише дорад он, то ба савдо бимонадаш. Каллаи гови парвоӣ барин буд сари ў.
Набӣ Абдуллоро дар Аспирингон ҳама дўст медоштанд, зеро ҳазлкаш буд. Гоҳо худро ба содагӣ меандохт. Мардумро хушҳол мегардонд ва худ низ шодӣ мекард. Аҷоиб одаме! Фақат дар назди Усто Усмон худро ба даст мегирифт:
ҳазл намекард. Онҳо ҳамсояҳои дарбадевор набошанд ҳам, бо якдигар басо наздик буданд ва ҳамеша равуо доштанд.
- Усто!- баланд мешуд бегоҳиҳо овози Набӣ Абдулло. – Меҳмон дорам, биё!
Ба ҳама хонаҳо духтаронашро мефиристод барои хабар кардан. Касе агар ба меҳмониаш меомад, нисфи деҳаро ба хонаи худ таклиф мекард Набӣ Абдулло. Ин бегоҳ касеро ба ҷуз ў- Усто Усмон ба хонааш нахонд. Домодаш, домоди «дўстдораш» аз роҳи дур омада буд, вале ў нияти хабар кардани касеро надошт. Усто Усмону Хиёл ба хонаи ў рафтанд. Дар рўи кат домодаш нишаста буд. Духтараш- Хиробон дуртар аз шавҳараш, дар лаби курпача, амонат менишаст. Набӣ Абдулло солҳои пеш муаллим буд: номи худу номи падарашро аз ҳамон вақт якҷоя ба забон мегирифтанд. Ў дар андеша буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё