Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Акнун Набӣ Абдулло чӣ будани гапро пай бурд.

  • Ҳо, Анвари ҷувонахуке! Илоҳим, ба як мактабе дароӣ, ки чашмат аз китобу дастат аз дафтар дур нашавад!
    Илоҳӣ, мисли ҳамин буз риш барорӣ, ту беимон! Илоҳӣ…
  • Амаки Набӣ, дуои бад накунед, ман ҳеҷ гуноҳе надорам. Бузатон бетаълим аст, ўро тарбия кунед; фаҳмонед, ки дар охири рўзи кор ман асабӣ мешавам. Бегоҳӣ ба ман наздик нашавад. Охир, худатон ҳам наздам меомадед, ришатонро ранг мекардам…
  • Ҳе, Илоҳӣ, духтардор шавию духтару домодат ҳар рўз ҷанҷоли хонаро бардошта, ба сарат биёранд, худатро набинӣ!
    Ў дигар дуою дабара накард. Аз дунболи буз давид. Аз шикамаш маҳкам дошт. Фукашро таги каш гирифт. Фармуд, ки обу собун биёранд. Бо оби хунук риши бузро мешуст, собун мезад. Тар менамуду собун мезад, мешуст!
    Мешусту гоҳ- гоҳе силӣ мезад ва мегуфт:
  • Духтарат, ки бо домод носоз омад, риши бузат сафед мешудааст!
    Кампир намедонист, ки ин гапро шавҳараш барои кӣ мегўяд; чун ҳарвақта, баҳри хона барои ханда ё барои ў мегўяд. Ба ҳар эҳтимол ў суханони Набӣ Абдуллоро ба худ қабул кард.
    Шаб кўдакон дар хонаҳои худ пеши калонҳо як ба як ҳама «испектакл»- и нави Набӣ Абдуллоро нақл карданд ва суханони ўро нуқта ба нуқта такрор намуданд.
    Аз ин рўз ба баъд ҳар касеро, ки миёни духтару домодаш мўйе мегузашт, «риши бузаш сафед шудааст»
    мегуфтанд. Мардуми Аспирингон аҷаб одатҳо доранд!..

АНҶОМ

Хиёл ҷўраҳои хуб дорад. Бо онҳо вақташ хуш мегузарад.
Пахтачинӣ ҳам сабук мешавад, дар хандаву шўхиҳои ҷўрааҳо дарди миён ҳам фаромўш мегардад, вале Хиёл... Бештар
Хиёл ба Сиолковский майл дорад: вай ба дигарон ҳеҷ монанд нест. Шўхӣ намекунад, кам механдад, аз ҳама ҷўраҳо сустҳаракат аст, ҳарчанд дар вақти паҳлуи ҳам ҷўяк доштаншон аз Бозор танбеҳ мешунаванд.

пешина
аз 186
навбатӣ