Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо нафақат дарди миён, гохо пахтачиниро низ фаромўш мекунанд. Аз суҳбати ҳамдигар то ҳол нагурехтаанд.
Сиолковский аҷоиб одам аст: аслан номи ў Сиолковский нест, ў ҳамон Аҳмад – писари Аҳтам аст, ки бо муаллими адабиёт мунозира карду пас ин номро аз ў гирифт.
Самовари Сафаралӣ меҷўшид, дудаш борик буд ва дуру дароз боло мебаромаду бо ранги кабуди осмон дармеомехт. Нисфирўзӣ буд. Халтаҳои нимхолии пахта дар таги сару паҳлуи мўйсафедону ҷавонон маҷақ шуда мехобиданд, фарши чўбини шипанг салқин буд. Мардум фароғат доштанд. Бедҳои азим шипанги хурдакаки чўбинро дар ҷигари худ аз офтоб панаҳ мекарданд.

  • Мардум, ман дигар ба замин намедароям! – эълон кард муаллими адабиёт.
  • Ба кадом замин намедароед? – пурсид Бозор.
  • Ба ҳеҷ кадом, имрўз кифоя, дигар намечинам.
  • Муаллим, ин ҷо то бегоҳ аз замин намебароянд. Пахтачинӣ тамом ки шуд, дар осмон гардед ҳам, замин хафа намешавад.
    Муаллим ошуфта шуд. Ҳарчанд ҷиддӣ сухан гуфта буд, ҳеҷ намехост, ки мардум онро ҷиддӣ қабул кунанд.
  • Андаке сабр кунем, тасфи ҳаво шиканад,- гуфт Аъзам- физик.- Ҳозир бароем, ба Худо, нотоб мешавем.
  • Мана, гўшти табақ нарасад, баҳузур аз сони Аъзам бурида хўрдан мумкин, намаку уксус ҳам лозим намешавад. Худ дар арақ тар аст.
  • Ба гигиена риоя кунед!- хитоб намуд Ардашер ва тарафи Самад айёрона чашмак зад.
    Банохост касе бинӣ афшонад ё сулфад, рўяш турш ва дилаш беҷо мешуду вақти нисфирўзӣ аз он бадбахт дуртар менишаст.
    Ғуломи Девчашма тарафи муаллимон сахт нигоҳ карду гуфт:
  • Муаллимони муҳтарам! Бо нўги қалам нон хўрда, бисёр нозук шудаед. Як- ду рўз ҷабинатон ба кулўхи тафсон расад, боке не. Мо як умр дар зери ҳамин офтоб будем.
пешина
аз 186
навбатӣ