Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Барои фаҳмидани, ақаллан, ҳамин байти Бедил аз кайҳон ба замин нигоҳ кардан даркор.
  • Дуруст!- гуфт Мулло Нахуд.- Ин байт, хоҳед- нахоҳед, шуморо мебардорад. Ҳавоӣ мекунад, савдоӣ...
  • Ҳеҷ гап не, ман вақти хондани ин байти Бедил буттаеро сахт медорам, – гуфт Гули обдаҳан.
  • Ман исбот мекунам,– гуфт Аҳмад.– Вақте ки ин байтҳоро мехонед, мебинед, ки чашмандозу назаргоҳи муқаррарии инсонӣ қудрати тасаввури онро надорад.
    Дарҳол мешиканад.
  • Танҳо назари Илоҳӣ метавонад онро бубинад,- тоқат накарда гуфт мулло Нахуд.- Аз худ, аз замин баланд шудан даркор.
  • Чӣ қадар? – пурсид тамасхуромез Бозор.
  • Агар маҳз ҳамин лозим бошад, ҳисоб мекунем, вале донаҳои чути шумо барои ҳалли он беҳад кам аст.
  • Роҳашро гўй, худамон ҳал мекунем.
  • Хуб. «Дилам аз ғусса танг омад: чашми мўр пеши ў монанди баҳрест, ки дар ҷайби ҳубобаш осмон меғунҷад.
    Чашми мўрча, ҷайби ҳубоб, баҳр, осмон- инҳо барои ақли одӣ тасаввурпазиранд. Барои осонии кор мо инҳоро шартан бузургиҳо мехонем, бузургиҳои математикӣ: чашми мўрча, бузургии дараҷаи як, ҷайби ҳубоб, бузургии дараҷаи ду, баҳр, бузургии дараҷаи се, осмон, бузургии дараҷаи чор.
    Чашми мўрча пеши дил чу баҳрест, чунин баҳрест... чунин баҳрест, ки дар ҷайби ҳубобаш осмон меғунҷад. Дил ин ҷо бузургии асосиву мустақили қиёсшаванда, чашм бузургии дувуми қиёскунанда, ҳар ду мутаносиби чапанд, вале пеш аз қиёси ҳар ду бузургии дувуми қиёскунанда худ низ қиёс металабад. Ин бузургиҳо нисбат ба ҳам мутаносиби ростанд ва дар якҷоягӣ бо бузургии асосӣ- дил мутаносиби чапанд.
    Роҳи аз ҳама осони ҳисоби ин бузургиҳо чен кардани яке аз дараҷаҳои бузургии дувум аст. Масалан, осмон. Аз уфуқ то уфуқ муқаррар кардем; акнун ҳубоберо, ки ҷайбаш баробари осмон аст, ёфтем, пас баҳре (уқёнус)- еро, ки чунин ҳубобҳо дорад. Дар он баҳр чӣ қадар ҳубоб аст: сад ҳазор, миллион?
пешина
аз 186
навбатӣ