Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамаи инро ёфтед. Ҳисоб мекунед: чанд триллион километр баланд баромадан лозим, ки барои ба чашми одӣ дидани ин масоҳати дар роҳи ифодаёфта имконият диҳад. Бовар кунондем, ки ин масоҳат аз масоҳати замин чандин ҳазор баробар зиёд аст. Пешакӣ гуфта метавонам:
баробари офтоб баромадан даркор, аз назди офтоб ин масоҳатро бо нигоҳатон фаро гирифта метавонеду халос.

  • Пас Бедил месўзонад? – пурсид касе.
  • Ҳоло имконияти ба офтоб баромадан надорем. Ҳарорати он беҳад баланд аст. Оҳану одамро месўзонад.
  • Ба мисли Аспирингони мо будааст.
  • Ба офтоб фақат аспирингониён мерафтаанд- да,- гуфт Валӣ.
  • Кӣ бекор аст, ки ба он ҷо меравад?
  • Гули шабнамзада, – гуфт Ҳабиби Ҳангӣ.
  • Канӣ вақт? – гуфт Гули шабнамзада.
  • Вақт бисёр, ҳавсала кам, – гуфт Ҳабиби Ҳангӣ.- Мерафтӣ, нағз буд. Шояд оби даҳонат ҳамон ҷо хушк мешуд.
  • Хайр, муноқиша накунед. Аз Бозор- ака илтимос мекунем,- гуфт Ҳабиби Ҳангӣ.- Як- ду рўз ҷавоб медиҳанд.
  • Ман намедонам. Ин корҳоро худи бригадир ҳал мекунад,- гуфт асабиёна Бозор.
    Бригадир дар ин наздикиҳо набуд.
  • Худат намеравӣ?- пурсид Валӣ аз Ҳабиби Ҳангӣ.
  • Ба рафтан- ку, меравам, пахтаро кӣ мечинад?
  • Гули шабнамзада.Ў пахтачин аст- ку?
  • Агар каси дигар мебуд, ҳам ба ҷои худам, ҳам ба ҷои вай пахта мечидам, ки то ба офтоб равад. Ҳабиби Ҳангиро замин базўр мебардораду боз шон бо ҳамин чирки бадану дили сиёҳаш ба офтоб мерафтааст. Ҳамин офтоб бе касофати ў монда буд,- гуфт Гули шабнамзада.- Одамеро фиристед, ки дар офтоб доғ намонад.
  • Бовар кун, Ҳабиби Ҳангӣ аз он ҷо тифл барин мефурояд. Сафеду пок. Охир дег сиёҳу чиркин шавад, равған мерезанду миёни кураи оташ меандозанд.
  • Не, одами доғдору сиёҳдил аз сари худ баланд баромада наметавонад.
пешина
аз 186
навбатӣ