Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДАВЛАТШОҲИЁН
Роҳи Данғара. Идомаи нақли Убайдулло

  • Ин акаи мо милиса гузаштагиай, – гуфт Фаттоҳ ва ўро оҳиста дар рўйи ҷогаҳаш хобонд.- Бисёр одамҳои хуби Кангурт аз дасти ҳамин мурдагиян! Бисёр ҷаллод буд ин…
    Мардак, ки дар назъи ҷон буд, ҳеҷ ҳаракате намекард.
    Гўё намешунид, ё намешунид.
    Ў аз роғи чашмонаш ба сақфи дудхўрдаи хонаи пастак нигоҳ мекард. Нигоҳ намекард, дидагонаш ба сақф беҳадаф духта шуда буданд. Риши сафедаш, ки дар чеҳраи бараҳнаи хушкидайи ў парешон хобида буд, гоҳ- гоҳе як меларзид.
    Ногаҳон гулўяш хир- хир кард, мисле ки дар он чизе дармонда бошад. Ҳамроҳони Фаттоҳ ҳам аз суханони берўёнаи ў ва ҳам аз вазъи мўйсафед ҷониби ҳамдигар бо чашмони пурсуол ва пур аз шак нигоҳ карданд.
    Ва баъд гуфтанд:
  • Биё, мон, Фаттоҳ, бас кун! Мўйсафеда ғам надеҳ.
    Фаттоҳ сар меҷунбонид ба оҳанге ва мегуфт:
  • Ма рост мегум. Як халта ордену медал дорад.
  • Мон, аката дар дами ҷонбуроийш ғам нате! – гуфт янгааш ва дастархони рўйи дасташро дар пеши меҳмонҳо ниҳод.
    Кӣ дар ин вазъият чой мехўрад?
  • Росташро мегум! Ина худуш буга! Ака, гап зан! Ака!
    Янга, таксарӣ биёр! Таксарии бисёр- бисёр!
  • Э моне, чоруш мекунӣ?!
  • Не, ака! Мегўӣ?- гуфт Фаттоҳ ва болиштҳоро дар зери сари ў чид. Синаи мўйсафед хеле баланд шуд. Фаттоҳ ба даҳани ў чанд қатраи чой рехт, об аз кунҷи лабонаш ба ришаш рехт. Фаттоҳ одами ба гап қариб набуд. Як илоҷе буд:
    ўро ба зўрӣ аз сари болини мўйсафед дур кардан, вале ҳамроҳон худдорӣ менамуданд. Ҷанҷолу хархашаи Фаттоҳу ҳамроҳонаш ҳоли мўйсафедро дар дами маргаш табоҳ хоҳад кард. Онҳо худдорӣ намуданд.
  • Бигў, ака! Ҳо, мардака чӣ хел парондӣ, вақте мехост бигурезад?
пешина
аз 186
навбатӣ