Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мепаронам. Рост дар сараш мезанам, қалпоқи сараш мепарад…

  • Диден, ин мардак одамони хуби кангуртира куштааст! Ку, ҳамуне, ки кўдакораву ку, чӣ хел ҳаму мардака паронданта нақл кун?
    Мўйсафед ҷон гирифта буд. Акнун дастонашро ҷунбонида, албатта, на он қадар ки аз сараш болотар равад, нақл мекард, чи гуна чен гирифтанашро нишон медод, кўшиш дошт, ки афтидани кушташударо низ нишон бидиҳад.
  • Рафтам ба дари хонаш: занаш баромад. Гуфтам: - Фалонӣ дар куҷост? Занак гуфт, ки нест. Қасам хўрд, ки ба роҳе рафтааст, коре доштааст. Хандидам. Гўгирдоро аз киса баровардам. Камонам дар сари китф, тир андохта шуда буд. Парво надоштам, наметарсидам, аз бало наметарсидам. Дар номи Худо ҷонам, рафтаму ба хафи каҳдарза гўгирд халидам, хаф дар гирифт. Аввал кўдакон баромаданду гурехтанд, баъд худи мардак баромад: пешодунбол давиданд. Ба фурсате камонро аз китфам гирифта, онҳоро чен кардам: аввал кўдакро задам. Кўдаки калониро тир дар пояш расид. Як тоб хўрду дар сари дав чор бор муаллақ рафт. Як овоз бароварду хомўш шуд. Баъд кўдаки дувумро нишон гирифтам: ба ў ҳам расондам, ўро ба як тир куштам. Кўдаки дувум намеҷунбид, вале медонистам, ки ҳоло намурдааст. Мардакро аввал дар пояш задам, лангон гурехт. Бори дувум дар дасташ задам, дасташ ба қаддаш рост шуд, шалҳа шуд. Танҳо бо дасти чапу пойи росташ ҳаракат мекард. Ба Худо, медавид. Бовар намекардам, ки тирам ба ў расида бошад. Не, бовар мекардам, ки расидааст, вале бовар намекардам, ки корагар бошад: тир корагар нарасида буд. Ин дафъа дар паси каллаш тир ҷой кардам: афтид, мурд. Гаштаму рафтам, ҳамин дам…
    Акнун чашмони мўйсафед кушода шуда буданд: сурх буданд, хун доштанд онҳо, оташ гирифта буданд. Фаттоҳ тантана дошт, ў ғолибона ба мардуми хона нигоҳ мекард. Гўё кашфиёти азиме карда бошад! Ҳамроҳонаш хеле дилгиру хафа шуда буданд.
    Мардак акнун намемурд, зинда мешуд. Хеле зинда шуда буд. Об пурсид. Кампирак гиребонашро кашида тавба кард ва об ба даҳанаш рехт.
пешина
аз 186
навбатӣ