Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданИн дафъа об ба ришаш нарехт. Ў гулў зада, обро қулт мекард. Кампирак бо андўҳ Фаттоҳро аз сари болин дур кард.
Овозе аз беруни дар баромад. Кампир дарро кушод:
мулло омада буд. Ў сарашро хам карда, аз дари пастак ба хона даромад ва мирандаро дар болои ҷогаҳ нишаста диду гиребонашро гирифта пурсид:
- Аз сафар баргардонидедаш? Қудрати Худоро бубина!
Миранда Фаттоҳро ба оғўш кашида буд ва мегирист.
«Додарам» мегуфт, «Омадӣ» мегуфт. «Гуфтам дигар туро дар қиёмат мебинам, насиби дидор будааст, мебинамат.»
Чашмонаш нур мегирифтанд. Ў ба ҳаёт баргашта буд ва ниҳонӣ шодӣ мекард. «Ўро чӣ ба ин дунё бозгардонд?
Кадом қувва?»- ҳамроҳони Фаттоҳ фикр мекарданд, вале ҷавобе ёфта наметавонистанд.
Як рўз Убайдулло ба Аҳмадхон гуфт: - Мана, худамон, ба ёд меорем рўзҳои пешина. Вақте ки қувват дошт, давраҳои хунрезӣ, ки хунаш дар ҷўш буду меҷўшид, ба хотираш омаданду хуни сардгаштаашро аз нав гарм карданд. Эҳтимол ҳамин бошад, сабаби аз нав зинда шуданаш.
Аҳмадхон «не» гуфт. Ў бовар накард.
Он шаб мардаки миранда онҳоро даъват карда гуфт, ки шаб бимонанд, рўз ки шуд, онҳоро ҷавоб медиҳад. Вале рафтан даркор буд. - Фаттоҳ, ҳамроҳонат гуфта буданд, ки шаб меистем, Онҳо дар шаҳр кор доштанд?
- Не гуфтанд, ман ҳам меравам,- гуфт Фаттоҳ.
- Ту як шаб бимон, бо акаат гап- гап мекунӣ,- гуфт янгааш.
Бародараш низ аз ў хоҳиш намуд, ки шаб бимонад. Не гуфт. Онҳо аз ҷой бархестанд. Миранда низ барои гуселашон аз ҷой бархост. Занаш ўро коҳиш намуда гуфт: - Нав- ку мемурдӣ, акнун як каме ҷонат монда будааст, эҳтиёташ кун. Мон, ман инҳоро то дами дарвоза мебарам.
- Мон, ман худам мебарам,- гуфт ў занашро нигоҳ дошта.- Инҳо, ки омаданд, ман рўйи ҷогаҳ хестам. Пайи қадамашон муборак будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё