Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Сари роҳ, назди чинор, таги чинор, магазин, дар бехи чинор хараке рост кардаанд. Ду мўйсафед ва кўдаке дар паҳлуи онҳо, дар дасти кўдак анор аст. Мўйсафедон ором нишастаанд, ба омадани мошин коре надоранд. Ду духтарак аз таги тути он тарафи роҳу рў ба рўи магазин, бидонҳои шир дар даст, пеши мошин меоянд, хандонанд.
- Бимурем дар қадди хушрўи ширгир! Дер омадӣ имруз?
Ҷавон механдад.
Ширро чен мекунад, дар пеши пойи мўйсафедон саги думбуридае хобидааст. Ў мехезаду дар гирди мошин чарх мезанад, бех- бехи мошинро бў мекашад.
Ҷавон кадом як чизеро ба пеши пойи ў мепартояд. Саг онро мегираду гўшашро афшонда, аз пеши мошин дур меравад. Дар бехи беди лаби хушкрўдаки борику сафедлаб- оби ин ҷо шўр аст, гўсфанде баста шудааст. Саг ба пеши вай меравад. Гўсфанд парвое надорад, сабзаҳои бехи бедро мехояд.
Овози дарравгарон садои трактори он тарафи пуштаро пахш мекунад. Дар он ҷойҳое, ки трактор наметавонист алафашонро бидаравад, даравгарон- он касоне, ки хумори дастдарав вуҷудашонро фаро гирифтааст, сурудхонон алаф медараванд:
Чиконам чике, гул чиконам чике,
Чиконам чике, гул чиконам чике.
Резу ров ун дараке, хўроки Маҷнун вораке.
Чиконам чике, гул чиконам чик…
Суруд идома меёбад, дар фони суруд овози мошин.
Чангу хоку гард аз дунболи мошин. Мошин дар кўчаҳо медавад, дар кабин ҳамон ҷавон.
Деҳае, ки ба қисматҳо ҷудо шудааст: Давлатшоҳиён, Мирашўрӣ, Сафарбоён, Чинисозон, Гузари тор, Оби ширин. Мошин дар кўчаву тангкўчаҳои ин деҳа гоҳ пайдо мешаваду гоҳ ниҳон. Осиёби крак. Кўдаке чархи аробаро боло мебарад бо азобе, арақ овардааст, сару рўяш гардолуд, нигоҳи чашмонаш қатъӣ, як ҳадафе, як нияте дар онҳо ниҳон аст. Лаҳзае офтоб дар чархи ароба дармемонад ва чарх мезанад. Чашмро хира мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё