Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Осмон ситора надошт. Дар раҳ барф намонда буд. Ҳаво гарм мешуд, онҳо палтоҳояшонро напўшида, дар пушти нишастгоҳ чиданд. Хумори арақ намонда буд; ҳама ҳушёр буданд. Худро нафрин мекарданд, ба сустии худ лаънат мехонданд, ба иродаи Фаттоҳ низ. Бо мўйсафед сардакак хайрухуш кардан мехостанд, вале ў онҳоро як- як ба оғўш гирифта, хайр мегуфт. Фаттоҳ хомўш буд, ба гумонам андак- андак таъсири арақ аз сари ў мерафт.
- Онҳоро ба ин ҷо, ба хонаи бародарам, оварда, кори хубе накардам. Оре, кори хуб нашуд,- худро коҳиш мекард Фаттоҳ, ки ҳама гуфтугўи миёни ўву бародараш гузаштаро дар ёд дошт…
Гаҳвораву кўдак. Пистони модару даҳони кўдак. Шир аз даҳони кўдак мерезад. Ў сер шудааст.
Кўдаки хоб. Аллаи модар. Роҳравии кўдак, хандаи ў дар хоб. Дастони модар. Ў бо лаби остинаш худро бод медиҳад. Рўи кўдак, докаи болои рўяш мелапад. Кўдак хоб аст. Модараш ўро бод медиҳад, пашшаҳои сияҳ аз рўи дока мегурезанд. Дасти модар, дастаи гаҳвора.
Гаҳвора ҳамвор- ҳамвор меҷунбад. Суруди алла.
Суруди алла.
Дастони кўдак, дастони модар. Кўдак раҳ меравад, нахустин қадами кўдак.
Кўдак қадам мемонад. Роҳи пурхок аз поён ба боло.
Сумка дар дасти кўдак. Ў ба мактаб меравад. Роҳи мактаб. Одамон. Нигоҳи одамон. Ўро ба мактаб мегуселонанд. Мактаб. Ў дар синф аст.
Занги мактаб...
Диплом…
Мошин…
Сари кў, кўча, кўчаҳо. Кампирон, занон, духтарон, дар назди ҳамаи онҳо сатилу хурмаи шир истодааст. Мошин наздик мешавад. Аз кабина ҷавонаке мебарояд. Ҳамон кўдак акнун ҷавон шудааст. Қадбаланд, хушабрўву хушсимо. Шўху хушгап. Ширро андоза мекунаду дар дафтар номи соҳиби ширро менависад. Кампири сафедкурта ва сафедрўймол, дока аст дар сари ў. Кампир бо муҳаббат аз дунболи писарак менигарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё