Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо ба боло, ба шастакӣ фуромадани ин чархи ароба менигаристанд.
Чарх бошаст ба боми осиёби крак мезанад. Боми тахтагини он мешиканад, чарх ба ҳамон шаст аз бом тела хўрда ба замин мезанад. Шасташ зиёд мешавад. Дар поёни осиёби крак хонаи Муҳибуллои ланг воқеъ аст. Чарх ба боми хонаи ў мезанад. Боми хаспўши хонаи ў мешиканад. Хасу каҳдарза ва ҳезуми болохона ба ҳавлӣ пош мехўранд. Чархи ароба, ки андаке шасташ суст гаштааст, ба болои мошини ҷавон меафтад. Флагҳои шир аз борти шикастаи мошин ба замин меафтанд ва ғел хўрда, аз роҳ мебароянду дар сахраҳои соҳили дарёи тунукоб қарор мегиранд.
Флагҳои даҳанкушода. Аз даҳони бози онҳо шир ба оби дарё мерезад.
Мошин истодааст. Ронанда ва ҷавон бо ҳайрат ба флагҳои ба замин афтода ва борти шикаставу чархи аз лаби борт овезон менигаранд. Одамон ҷамъ мешаванд.
Кўдак ҳанўз ҳам аз теғаи куҳи осиёби крак ба поён нигаҳ дорад. Чун дигар чизи аҷоибе ба вуқўъ намеомад, ў аз қуллаи куҳ нишеб шуд. Сар- сари теға ба поён мефуромад.

Қимат дар бехи дарахте бо гурбачаҳо бозӣ дорад. Гурбачаҳо ҳама якхелаанд. Сиёҳ, чарсу сабук ва беқарор.
Онҳо ба парандаи дар сими барқ ва шохи дарахт овезон менигаранд.
Қимат ба онҳо амалеро меомўзад: пишаки аз ҳама ҷасур ба сим часпид. Бо пою дасташ онро дошта, ба боло мебарояд минволи одам, оқибат ба паранда мерасад.
Қимат хушнуд мешавад. Гурба ба парандаи мурда даҳан мезанад, дасту пояш раҳо мешаванд. Даҳонаш дар гўшти паранда андармон мешавад. Ў алвонҷ мехўрад. Баъд бо порае аз гўшти паранда ба замин меафтад. Дар нўги сим пойи паранда боқӣ мондааст. Овезон аст ва алвонҷ мехўрад. Боз навбат ба пишаки дигар мерасад.
Мошин дар кўчаҳо бо борти шикаста мегардад.
Деҳаҳои Давлатшоҳиён, Мирашўрӣ, Гузари Поён, Обдузд, Оби Ширин. Кангурт, деҳа. Он тарафи дарё. Гузари Тор, Қарақамиш, Фаҳлобод, Даҳани Намак…

пешина
аз 186
навбатӣ