Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чинори пеши магазин. Хараки бехи чинор. Он холӣ аст.
Пиразанон бо бухчаҳову латтаҳои дарози сафед дар канори роҳ нишастаанд. Мошин наздик мешавад. Кампиракҳо остинҳои дарозашонро мебардоранд. Мошин меистад. Ҷавон аз мошин мебарояд ва ба лаби борт мечаспад.
Кампираке дар кабин мешинад, чанде аз кампиракҳо зўр зада, ба болои мошин мебароянд. Мошин дар ҳаракат аст.
Кампиракҳо ва ҷавон дар болои мошин. Онҳо дар болои флагҳо нишастаанду дастонашон дар лаби борт ва дар тахтаи пеши мошин. Мошин дар деҳаи Оби Ширин рў ба боло ҳаракат дорад. Дар миёни теппаҳо печутоб хўрда, ба боло мебарояд. Нопадид мешавад. Чанг.

Кўдакону кампирон, мўйсафедон, ҷавонон, ҳама дар таги чинори пеши магазин ҷамъ шудаанд. Ҷавонро падару модараш ба оғўш мегиранд. Хоҳаронаш ва бародараш:
ду бародар дорад ў ва се хоҳар. Бо ў хайрбод мегўянд.
Ҷавон ба мошин савор мешавад.
Мошин дар пеши идораи ҷамоат. Дар он ҷо чанд мошини дигар низ истодааст. Дар назди мошинҳо ҷавонони сартарошида гуфтугў доранд. Овозҳо, гиря, суруд, ханда.
Садои рубобу дутор алоҳида- алоҳида.
Комиссари ҳарбӣ намоён мешавад. Мошинҳо ба ҳаракат медароянд, чанг мехезад. Мошинҳо аз назар ғоиб мегарданд.

Падар дар ҳота каланд мезанад, сараш латтабанд. Модар хамир дорад, дастонаш дар табақи хамир.
Кўдаке давида медарояд. Ба онҳо бо шодӣ чизе мегўяд.
Модар бо дастони хамиролуд ҷониби дарвоза медавад:
занона, остин зада, дастонашро дар бараш шапида- шапида. Дар таги дарвоза ҷавон, дар либоси сарбозӣ, пайдо мешавад. Модар ўро ба оғўш мегирад.
Падар ботамкин аз ҳота мебарояд. Белро дар бехи тути назди нонхона мениҳад, латтаро аз сараш мекушояд, тоқиашро аз шохаи тут мегираду ба сараш мемонад. То ба назди нонхона расидан ў аз кўтали поёни ҳота бояд боло мешуд.

пешина
аз 186
навбатӣ