Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳавливу хона болотар аз нонхона ҷойгиранд, дар поёни тут, дар сояи дарахтони ақоқиё ва бед, дар пеши хезумхона, ки хокаи ангишт ва саргини говро шўрида тапак кардаанд, хар баста шудааст. Хар хоб асту таги сумҳояш менамояд.
Хар наъл зада шудааст. Ў ба пеши хар як банд алафи хушк мепартояд ва баъд даст ба танаи дарахти бед ниҳода, кўтали пеши ҳавлиро зону шикаста боло мебарояд. Дар рўи ҳавлӣ истода, ба писараш менигарад. Падар дастонашро чун боли уқобон паҳн мекунад ва интизор мешавад.

  • Ку, биё! Биё, аскар! О дина нарафта будӣ? Ду сол ду рўз воре гузашт!
    Писар худро ба оғўши падар мепартояд, падар ўро ба оғўш мегирад.
  • Э дар нумуш садқа, бачара! Лекин дер омадӣ!?
    Писар чизе намегўяд, фақат хандидан дорад. Модар дар гирдаш парпанак меравад. Дастонаш хамиролуд, латааш ғеҷида, ба гарданаш фуромадааст. Бо оринҷаш докаашро ба сараш мекашад. Падараш қаноатманд ба одамоне, ки аз дарвоза бо шодӣ ба сўи писар нигоҳ карда мешитобанд, менигарад.
  • Ку, биё, аскар, биё, аскар! Э дар нумаш садқа, бачара!
    Омада будаӣ- да!
    Баъд падару модарро муборакбодӣ мекунанд.
    Гове, ки поёнтар аз хар дар дарахти зардолуи хушкида баста шуда буд, бепарво ба ҷониби одамон нигоҳ мекунад. Ў нухшор дорад. Хар аз ҷой мехезад, саг дар гирди одамон това мезанад.

Даруни ҳота. Дар поёнтари он, дар қарибии девор, миёни анорҳо, говеро мекушанд. Дасту пои гов баста аст.
Чашмонаш сафед. Усто корди калонро ба маки гов мебарад. Як кас дар болои пойҳои гов нишастааст, дигаре дастони говро медорад. Дар дами маки гов чуқурие канда шудааст. Чуқурии тоза, хокаш ҷигарӣ, хоки замин сафедранг аст. Ин хок тира. Чанд кўдаке дар дуру наздики гов истодаанд ва говкуширо тамошо мекунанд. Вақташ биёяд, онҳо низ гов мекушанд.

пешина
аз 186
навбатӣ