Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Равзанаи панҷарадори масҷид, дарҳои кандакории он аз сари гузар менамояд. Сутунҳои баландаш, ки нисфе аз бори боми баланди дароз бар сари онҳост, галереяе ташкил намудаанд, айвони дарози масҷид. Тарафи офтобнишини масҷидро сояи сафедорони баланд пўшидаанд.
Масҷид соли 1874- ум бино ёфтааст.
Мўйсафедон ботамкин по мемонанд.
Дар интиҳои роҳ, дар баландӣ, дар сари баландӣ, дар пошнаи куҳи сабз чиноре қад афрохтааст. Аз бехи он, аз решаи он, чашмае, не, ҷўйчае башаст ба поён мешитобад ва тангкўчаи пурхокро дунима намуда, ба поён ҷорӣ мешавад. Ин ҷо роҳи борик мисли рўдхона аст. Об аз миёнаи он дар ҷараён аст. Дар таги чинор, дар сари ин сарҷўй Ҳидоятулло ва он ҷавон дар иҳотаи хешу ақрабо ва ҳамсоягон истодаанд. Даст дар пеши бар.
Мўйсафедон ба ҷониби онҳо меоянд. Пирона қадам мезананд, ўеш саллаи хурд дорад, ўеш ришашро паст қайчӣ задааст, ўеш кители обшуста дорад. Сари роҳ ба хонаи нав, ки ҳоло ба интиҳо нарасидааст ва девори гилинаш нахушкида, менигаранд.
Мегузаранд.
Хонаи духтури асал, духтури занбур- Кенҷа.
Девораш рост. Деворгари хуб аст!
Боми оғили Ҳидоят саҳни ҳавлии ўст. Хонаи ў дар камари куҳ, болотар аз ҳама хонаҳои деҳ, воқеъ гаштааст.
Оғилу хонаи баланди ў зина- зина боло мерафтанд.
Бому оғил гилему намад ва қолинпўш буданд. Дастархон, меваву чева, қанду қандалот, табақҳои пургўшт, тарбузу харбуза. Аз миёни токҳо, ки аз поён то ба боми оғил кашида шуда буданд ва аз он ҷо то ба хавозаи пасттар аз боми хона бо сим оварда шуда буд, ягон- ягон шуоъҳои офтоб ба рўи харбузаи зард ва тарбузи сурх мерехт. Ангурҳои сиёҳ ва сафед дар шафати шафтолуҳои пашмаку лучак сияҳиву сафедӣ доштанд. Нури зарҳалини офтоб дар зардии харбуза ва сурхии тарбуз меомехт. Кўрпачаҳои махмалӣ, шоҳиву читу сатинӣ дар атрофи дастархони пур густурда шуда буданд. Мардону ҷавонон, пиракиҳо сари дастархон менишастанд. Дуртар кўдакону наврасони деҳа давраи алоҳида доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё