Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Телпакашро ба рўи чашмонаш мефарорад, гирди занакаш парпанак меравад, қанот мекашад. Занак остин меафшонад, дастак мезанад, китфак мезанад. Ҷавонон бо шодӣ ба онҳо менигаранд. Ҳама хурсандӣ доранд.
Мўйсафеде дар давра пайдо мешавад. Ў дастонашро баланд мебардорад ва рақс мекунад. Рақси зебое. Ҳама мафтун ба рақсаш менигаранд. Давра торафт васеъ мешавад.
Ҷавонон мерақсанд. Рақсҳои ҳозиразамон.
Ҷавон дар паҳлуи арўсаш. Ҳамон духтараке, ки ҳамеша дар сари роҳ танҳо меистоду ўро интизор мешуд, дар либоси арўсӣ дар паҳлуи ў истодааст. Ҷавон шод аст.

Гаражи колхоз. Ҳидоятулло. Рўи нимкат каҷпаҳлу задаст. Чанд одаме, ки наздаш омадаанд, ўро мешунаванд. Ў аз қиссаҳои ҷангии худ ҳикоят мекунад. Хеле орому батамкин аст. Ниҳоят барои қиссаҳои дарози худ шунавандаҳои муфт пайдо кардааст. То омадани механик онҳо дар назди ў хоҳанд буд, онҳо бодиққат ўро мешунаванд…

Чиконам чике, гул чиконам чик, Резу ров ун дараке,
Хўроки Мачнун вораке.
Чиконам чике, гул чиконам чик.
Даравгарон мандоғ мехонанд. Айни дарави гандум ва захираи коҳу алаф. Аз он баландие, ки мардум дарав доранд, ҳамин Гузари Тор, гаражи совхоз менамояд. Гараж қариб холӣ аст. Касе наменамояд. Дар ҳавлии гараж хари сиёҳи Ҳидоятулло мечарад.
Болотар аз даравгарон, дар ҳамворӣ, комбайнҳо гандум медараванд. Мошинҳо бо бортҳои баланд дум- думи комбайн мегарданд.
Тележкаҳои бисёре дар дашт, дар назди шолаи каҳ, истодаанд. Одамон дар тележкаҳо каҳ бор мекунанд.
Ҷавон дар назди талежка бо чанд ҳамсоли худ ва як мардаки ришдор бо панҷшоха каҳ туп мекунанд. Каҳро ба тележка бор мекунанд.
Чошт. Ҳама машғули кор.

пешина
аз 186
навбатӣ