Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ҳамин Гузари тор овози мандоғхонҳо меояд.
Ҷавон ба тарафи онҳо менигарад. Онҳое, ки дар Гузари тор, дар ҳамин ҷо, дарав мекунанд, наменамоянд. Вале онони дигаре, ки дар пушти Оби Ширин, дар болои ин деҳаи ҳамсояи онҳо медараванд ва сари овози мандоғхонҳои деҳаи Гузари торро мегиранд, намоёнанд. Аз болои Обдузд як гурўҳи дигар низ мандоғро такрор мекунанд. Онҳо низ базўр ба чашм мерасанд. Дар миёнаи хамие, ки онҳо гандум медараванд, дарахти дулона қад кашидааст. Дар шохаи ин дарахти пастак кадуҳои бисёр ва се салла овехта шудаанд.
Гарди тунуке аз даравҷо мехезад.
Осмон абре надорад, ҳаво соф аст. Офтоб тафсон.
Одамон арақ кардаанд. Пешонаашон медурахшад, хеле арақ кардаанд. Куртаҳояшон дар арақ тар.

Шом. Мошин дар кўчаҳо медавад. Дар кабин ҳамон ҷавон. Шир ҷамъ мекунад. Кампирон дар сари роҳ. Мўйсафедон говҳои худро аз ялангиҳо кўтал карда, ба поён мефароранд.
Кўдакону занон ва мардон ба сари пода баромадаанд.
Бузу гўсфандони худро аз пода ҷудо карда, ба хонаҳои худ раҳнамоӣ мекунанд. Чанги пода роҳро мегирад.
Масҷид дар чанг гум мешавад. Аз ин тангкўчаи пиёдараҳаи пеши масҷид мошин мегузарад.
Хонаи Ҳидоятулло дар интиҳои ҳамин роҳ аст. Чанг хонаи ўро мепўшонад. Чинори пеши дарвозаи ў болотар аз ҳамаи ин чангҳост. Дар ин шоми нимторики пурчанг ҳама деҳахоро чанг пўшонидааст ва нонхонаи Ҳидоятулло берун аз ин чангу гард, баландтар аз он истодааст.
Ҷавон аз мошин мефурояд. Бо ронанда хайрухуш мекунад ва ҷониби ҳамин хона меравад. Дар кўтали хонаи онҳо мошин намебарояд. Наметавонад.
Чанги пода оҳиста- оҳиста паст мешавад.
Деҳаи Давлатшоҳиён дар шом. Масҷиди партовӣ. Болорҳои кандакоришудаи он. Сафедорон. Зардии офтоб, ки баъди ғуруб дар уфуқ боқӣ мондааст, аз миёни сафедорон бо зебоӣ ҷилва мекунад.

пешина
аз 186
навбатӣ