Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҷавон ба ҳавлӣ медарояд, ўро дар кати ҳавлии рўи боми оғил интизоранд. Ў ба сари дастархон мешинад. Хандаи ў.
Хандаи падару модар. Кўдакон. Хоҳару бародарони калонаш, ки аз хонаҳои худ ба дидани падарашон омадаанд.
Арўси ҷавон чой меорад. Ў оҳиста роҳ меравад. Ҳомила аст. Хеле арўси зебо мебошад.
Кўтали поёни чинор.
Ҳидоятулло гаҳвора бардошта меорад ва хар аз дунболаш ҳаракат дорад. Зўри хар ба кўталбароӣ намерасад.
Ҳидоятулло одами вазнин аст. Бузургҷусса, паҳлавон.
Хар дар пеши ў ниҳоят хутик воре менамояд. Гаҳвораи зеборо сари даст бардоштааст.
Кўдаке балони мошинро ба теғаи кўталкуҳ мебарорад.
Аз баландии куҳ, аз нуқтаи баландтарини он, ба поён менигарад. Осиёби крак. Хонаи Муҳибулло. Хонаи тағоии Махсум. Хонаи Ҳидоятулло. Танҳо бомаш ва ҳаётааш менамоянд, ҳавлиаш аз назар пинҳон аст. Дигар чинори пеши магазин менамояд. Боми масҷид менамояд.
Рўи дигар ҳавлиҳоро, боми дигар хонаҳоро дарахтони баланд пўшонидаанд. Кўдак ҳеҷ кадоми ин ҳавлиҳоро намедид. Дуртар дарё ҷорӣ буд. Дарё тунукоб, борик, пурпечутоб. Дар он тарафи дунё куҳи пасте. Дар болои он куҳи паст ҳамвориҳои бепоён буд. Қабристони деҳаи Давлатшоҳиён дар фарози он куҳ воқеъ аст. Мазори Ҳоҷӣ Ҳусайн низ дар он ҷоест, ки аз ин ҷо наменамояд. Чизе, ки ба хубӣ менамояд, мазору мақбараи Мавлавӣ аст.
Кўдак чархи мошинро маҳкам доштааст. Чашмонаш дар поён…
Хонаи Ҳидоятулло. Гаҳворабандон. Модари ҷавон дар иҳотаи занон кўдакро ба гаҳвора мебандад. Арўс бо чашмони хандон кўдакашро ба ихтиёри хушдоманаш вогузоштааст ва худ дар қатори занон расми гаҳворабандонро тамошо мекунад.
Як занак дойра мезанад. Касе аз духтарон- арўсон рақс мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё