Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ва ў ҳам- ин гови пир ин қадар дилсард нагашта буд. Мурдани бобои Халил- падари Ҳидоятро ёд дорад: пирамард наваду ду сол дошт. Ҳо, аз ҳамон дари фарсудаи дутабақа медаромад ба ин ҳаёта. Он вақт ин хонаҳо набуданд. Ҳидоятулло низ дар хонаи ў, дар хонаи мўйсафед, зиндагӣ мекард. Он вақт ин гов гўсолачае буду Халил тифлаки ҳафтсолае. Пирамард дар ин ҳаёта аз субх то шом кор мекард. Ҳо ҳамин дарахтро ва ҳо ҳамон анорҳоро ў шинондааст, себи биҳӣ низ дастниҳоли ўст.
Ҳидоятулло говро аз пеши нонхона гузаронд ва аз бораи лағжонак фуроварда, дар назди сияҳбед ба дасти Шарифи қассоб супурдаш.
Гови пир оҳиста- оҳиста аз дунболи Шарифи қассоб ба поён мехамбид.
Рўзе, ки мўйсафед вафот кард, зимистон буду барфбод.
Сиву якуми декабри соли ҳазору нуҳсаду шастунуҳум аз дунё гузашт. Якуми январи соли ҳазору нуҳсаду ҳафтод ба он дунё бурдандаш, он дунё ҳеҷ дур набуд. Вакти аз бораи пеши нонхона мефуромад, чашмаш ба он дунё бархўрд:
қабристони сари пушта аз рўи ҳавлӣ ва аз сари бора низ намён буд, вале пирамард дигар аз он ҷо барнагашт. Ҷанозаи пирамард тўй барин гузашт, одамон баланд ҳарф мезаданд. Гирумонашон озоду бо сарбаландӣ сурат мегирифт, занон овоз меандохтанд: чун қарз, чун гиряи арўс садо медод гиряашон, бе алам, маҳин, ба сони гиряи модари арўс ё ҳар модаре садо медиҳад, ки касеро аз наздиконаш ё фарзандонаш ба ҷои бегона, ё ба ҷои дигаре, ки дур асту ноумедӣ ва андўҳи гарон надорад, гусел мекунад.
Вале имрўз рўзест тамоман дигар. Пиргов ба маҳзе, ки аз таги сияҳбед мегузашт, дар санги пошўӣ (ин ҷо пирамард таҳорат мекарду ҳоло санги пошўии Ҳидоятулло аст, гоҳгоҳе духтарони Ҳидоят кафи пояшонро дар ин санг мешаканду покиза мекунанд) пешпо хўрда, ба сар рафт. Хайрият, наафтид. «Ҳа, ҷонвар, метарсӣ, пойҳоят суст шудаанд?»- гуфт қассоб. Дар байни футааш яккакорд дар ғилоф буду меҷунбид дар бари ронаш. Ана, дар ҳамин вақт чашми гови пир ба арўс афтод. Ҳанўз номашро намегирифтанд, арўси якунимсола буду нав як фарзанд дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё