Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Модагов тўйи онҳоро дар ёд дошт. Аз дари кушодаи оғил ва баъдтар аз поёни оғил рақси модари ўро дида буд.
Рақси модараш ҳамчунон буд, ки ҳоло дар болои ҷасади писараш мекард. Ҳаракатҳояш якхелаву якранг буданд. Ў остинҳои дарозашро меафшонд, бо нўги ангуштҳои пояш ҳаракатҳои маҳине мекард, дастонашро занона, нозук- нозук, ба оҳанге худро тоб медод, чарх мезаду чарх мезад.
Ҳозир ҳам дар болои сари писараш дастак мезанад, остинҳои дарозашро меафшонад. Мўйи Халил аз насими остини модараш андак- андак меҷунбад, дигар ҳеҷ. Ҳидоятулло низ ҳамон рўз, мисли имрўз, ҳаракатҳои парешон мекарду онҳоро рок меномид: гўё рақс мекард он рўз.
Имрўз низ ҳамон ҳаракатҳояшро такрор дорад. Мерақсад, беҳунарона мерақсаду гўиё мегўяд: «Бубинед, ман рақс карда наметавонам, вале ба хотири писарам, ба хотири тўйи арўсии писарам мерақсам.»
Ҳоло низ чарх мезанад, ҳамон тавр ҷуссаи бузурги паҳлавониашро пеши мардум ба ҳар тараф меҷунбонд.
Дастонашро меафшонад. Дар нўги дастонаш рўймолаке дорад, ки духтари хурдияш, ба шодиёнаи рақсаш, дода буд. Ҳоло ҳам дар даст рўймолаке дорад, рўймолак не, халтаи чой барин аст, ҳо, чойхалта барин аст.

  • Мардум, нагўед, ки ман пул надорам! Ман одами хеле бой ҳастаму ба ҳама кор қодирам, лекин чӣ кор кунам?
    Дар пеши марг оҷизам!
    Ў дар пеши мардум чарх мезад. Лабонаш бехун буданд.
    Вале чашмонаш наме надоштанд. Ҳо, чашмонаш хушк буданд. Ў низ гириста наметавонист, дар умраш нагириста буд, дар мурдаи падараш низ нагирист, Дар ҷанг мурдаҳоро бисёр дидааст, намегиряд. Вале ин қадар парешон шудааст, ҳарфҳои парешон мезанад. Касе Ҷуръат надорад ўро ором бикунад ё ба ягон гўшае бубарад, як коса обаш диҳад, ки тафси дилаш кам шавад, не, касе ҷунбида наметавонист.
    Боз ҳамон тағояш- пирамарди нимҷони бедандон, ки ҳатто ҳарфашро базўр аз даҳонаш мебаровард, пеши ў меомад.
  • Ҳар касе, ки ин ҷавонмарг, ин тармарг, ки номард ҳам будааст, маро партофту рафт, аз ў қарздор бошад, ба ман бигўяд. Як бар даҳ қарзашро мегардонам,- мегуфт ў.
пешина
аз 186
навбатӣ