Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳама сархам, малул роҳ мерафтанд.
Овози гирумон, бардору ҷой бидеҳ шунида намешуд, чуноне ки дар ҷанозаҳои дигар ҳар дафъа баланд мегашт.
Фавҷи одамон борику дароз буд. Аз таги чинори пеши магазин то ба пошнаи теппаи он тарафи дарё идома дошт.
Сари фавҷ борикраҳаи қабристонро рўболо мешуд.
Саг баракӣ дар камари теппа боло мерафт.
Занон дар таги чинори пеши дарвоза истода буданд.
Дарунакӣ навҳа доштанд.
Арўс дар як гўшае истода буд: танҳо, бегона, ҳайрон, бехона. Намедонист чи кор кунад: танҳо, бешавҳар, бехона, бегона…
Ў ба чўби пеши дарвоза такя карда буд. Кўдакаш аз домани бибиаш дошта мепурсид:
- Бибӣ, биби! А бибӣ, чой мегум, асал мегум!
Сари роҳ. Ҳама он кампираконе, ки дирўз ва ҳама рўзҳои пешин ба сари кўча шир мебароварданд, аз таги дарвозаи хонаҳои худ ба дарёи пўёи одамӣ, ки то нисфи роҳаки борики камари куҳ расида буданд, бо андўҳ менигаристанд.
Ва оҳи сард мекашиданд.
Кори Ҳидоятулло аз гиря гузашта буд: гоҳе механдид, гоҳе ҳатто шўхӣ мекард. Гоҳе чун қаҳрамоне худро медошт:
«Бубинед, чунин шикасти сахти сахте маро хам намекунад!
Бубинед, ман аз ғам намемирам! Маро кам магиред!»- ва худро барои ин фикрҳои кўдакона сарзаниш менамуд дар дилаш ва оҳиста гиребонашро мегирифт. Он қадаре ки худ медиду бас, зуд дасташро аз гиребон гирифт.
«Акнун чӣ кор мекунам? Келинам чӣ кор мекунад? Хонаи падараш меравад, тамом вассалом! Чӣ кор мекунад!?
Не, то як сол дар хонаи худам манъаш мекунам. Кўдакаш, ки дар қад дорад, ба дунё меояд, номашро худам мемонам. Ҳа, Халқуллош ном мемонам,»- меандешид ў дар сари роҳи дарози қабристон.
- Аҷаб роҳи вазнин аст,- ниҳоят гуфт ў бо овози нимшунаво.- Кўтал... Шутура гуфтаанд, ки кўтал хуб аст ё нишеб? Гуфт: - Лаънат ба ҳар ду.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё