Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданВа Ҳидоятулло хандид. Нимовоз хандид.
Ҷамшед, ҷўраи деринааш, ки пирамарди лоғари дарозест, оҳиста ба камари ў даст зада гуфт:
- Чӣ кор мекунӣ? Худата ба даст гир!
Ҷабинаш арақшор шуда буд.
Футаашро аз миёнаш кушоду пешониашро пок кард.
Кўтал дароз буд; акнун то нисфи ў расида буданд. Хайрият, бачаи газгўшт буд, набошад ин одамон хуб азоб мекашиданд. - Маро чӣ хел мебурда бошанд? Ин ишкама бубину ин калларо. Вазнам аз саду чил кам нест. Ҳа, маро чӣ хел мебурда бошанд? Дашном медодагистанд…
Номашро, номи кўдакро, ки баъди ду моҳи марги Халил ба дунё омад, Халил ниҳоданд. Дар идораи ҷамоат шаҳодномаашро гирифтанд. - Арўс то ҳоло шаҳодатномаро мекобад. Агар ёбад, ҳатмӣ медаронад.
- Чаро!?
- Аз дўстдориаш. Шавҳари ҷавонмаргашро хеле дўст медошт. Кўдак, ки калон шуд, ҳар гуна нағмаҳо мебарорад.
Шўхӣ дорад, гапгардонӣ дорад, бозӣ дорад, ногапӣ дорад, беадабӣ дорад кўдак, ғофил номашро гирифта коҳиш мекунандаш ё ягон гапи дурушт, ё дуои бад мекунандаш, руҳи ўро ношод мекунанд. Не, хубӣ надорад номи падарро ба писар ниҳодан. Ў шаҳодатномаро ки ёфт, ҳатмӣ медаронад.
Шаҳодатномаро пинҳон карданд. Дар хона номи кўдакро намегиранд. Ў ҳоло ҳам гўё беном аст.
Вақте дар оши сари соли Халил будем, шабу рўз мешуморанд, шаш моҳро сол мегўянду сол мегиранд. Ҳоло ҳам кўдак беном буд. Не, дар шаҳодатнома номашро навиштаанд, вале дар хона касе ҷуръати гирифтани номи ўро надорад: на модараш, на падараш, на арўсаш. Бобо ҳам номи ўро гирифта наметавонист: забонаш намегашт.
Кўдак механдид. Майли бағали бобояш мекард. Хандонрўй буду сияҳчашм.
Духтарак, лухтаке дар даст, дар бехи чанор бозӣ мекард.
Калон шуда буд, мўйҳояш дубоф, либосакош тоза, чашмонаш шаҳло: тифлаки дўстрўе буд. Ҳоло чӣ будани маргро намедонад ва ба бебозгашт рафтани падараш бовар кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё