Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Панҷоҳу нуҳу ним… Панҷоҳ кило! Бигардам, ту барин ҷавонмарда!
  • Садаф! Бисту ҳафт кило!…
    Сайкор ҳеҷ чиз нагуфт ва боқимондаҳоро даъват кард.
    Гуфтугўйи паст- пасти мардум, садои тарозу, ҳай- ҳайи занҳо, пичир-пичири духтарҳо…
    Ва Сайкор нишаст пеши фонус, ки акнун кўрпашаҳо ғавраш карда буданд, ба ҳисобу китоб нишаст. Чуташ ба шарақ- шарақ омад.
    Аз ҷо бархост, рангаш канда буд, навмед ба Раис нигоҳ кард.
  • Чӣ, чӣ кадар?! – пурсид Зувайр.
  • Кам аст.
  • Воҳима накун!
  • Ина!
    Раис ба рўйи дафтари Сайкор хам хўрд.
    Дукаса дарҳол шумурданд. Боз ҳам кам буд.
  • Кор расвост! - нидо кард Сайкор.
    Рў ба одамон карду гуфт:
  • Ягон нафар нокашида мондааст?!
  • Не, ҳама кашиданд!
    Зувайри народ хомўш ба нўги мўзаҳояш менигарист ва аз чизе фикр мекард. Ногоҳ сар бардошт ва сахт Сайкорро песонид.
  • Намешавад, Сайкор!
  • Чӣ кунам, акайи раис! Рўзи дароз мисли подабон дар думшон ҳастам. Шиштаншон намемонам, вале чӣ фоида?!
    Боз ҳам гаптон рост аст: ин мардума на ба гапи хуб кор мефармоӣ, на ба гапи бад!
    Чашмони Зувайр беҷо мешуданд.
  • Не, Сайкор, корат маза надорад!!!
  • Акайи раис!…
  • Мемириву панҷсад кило меёбӣ! Хона ба хона мегардӣ, кўрпаву болиши мардумро медаронӣ, ҷомайи кўдаконро пахтакаш мекуниву планро имшаб меканӣ!!!
    Сайкор музтару дармонда ва ночор рў ба ҷониби мардум гардонид. Як- як ҳамаро нигоҳ карду гуфт:
  • Диден, мардум! Ман мегум, фарзандотонро дар хонаҳотон насиҳат кунен, ки беҳуда нагарданд, пахта бичинанд!
пешина
аз 186
навбатӣ