Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Ҳа, чӣ гап?!
    Моҳпарчаро ҳайбати раис натарсонд. Хомўшии ў аз ҳурмати мардум буд. Мардум ба раиси Зувайр эҳтиром доранд. Ў ҳамин ҳурмати мардумро ба Зувайр эҳтиром мениҳад, на шахси ўро.
    «Ҷазаба дорад! – фикр кард Моҳпарча.- Зўри барзаговро дорад, ўро, гўши буридаро, гўшҳора бубин!
    Дағдағат парў шавад- е!»
  • Ҳа, Сайкор! Чӣ шуд?!
  • Ҳичи чӣ не, акаи раис, кор-да!
  • Динагаро дайров кардед?!
  • Ҳолӣ не, раис?!
  • Бахчӣ?!
  • Пахтайи талабаҳора накашидаем.
  • Зудаш кунед!!!
    Ба изтироб афтодам, аз ин гуфтугўи онҳо тарс бардоштам. Ба гумонам, на, гумон чӣ мекунам, ба яқин ҳеҷ кас камтар аз ман пахта начида буд. Оҳиста худро ақиб мегирам. Ба пушти тележка гузаштам ва халтаро бо тундӣ ба болояш ҳаво додам. Ва мунтазир мондам. Лаҳзае баъд халтайи холии пурчанг ба сарам омад. Гирифтамаш ва аз тележка дур шудам.
    Писаракон ёройи пеш омадан надоштанд. Сайкор онҳоро ном ба ном мехонд.
  • Хумбет!
    Хумбет пеши тарозу истод. Халтаи нимхолияш ба рўйи тарозу ниҳода шуд. Ин корҳо беихтиёр карда мешуданду мошинӣ.
  • Бисту як кило! Калат дар гўр, хар!
  • Манбет!
    Манбет, ки додари Хумбет буд, пеш омад.
  • Бисту се кило! Дастот шал бишаванд!
  • Сафари Раҳмат! Чилу ҳафт кило! Раҳмат бар падарат!
  • Аюб! Сиву шаш! Кам!
  • Баргигул! Сиву ду! Чени динагина не! Ҳоли отата бигум!
  • Гунги Бобо!
    Гунги Бобо хандон пеш омад. «Ҳумбас» мезад ва ба тири тарозуву сангҳо менигарист.
пешина
аз 186
навбатӣ