Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аслан намедонист, ки бо кўдак чӣ гуна бояд ҳарф зад?
Кўдак тарсомез чашмашро аз марди ношинос гурезонду бо имдод ба пойин нигарист.
Гаҳвора дар пушти бом буд ва боме, ки кўдаку гаҳвора дошт, аз бомҳойи ҳамсоягон буд ва кўдак он чизеро, ки ўро ба гиря водошта буд, дар пойин, дар миёни бомҳои ҳамсоягон, меҷўст.
Вён Шаранг низ ба пойин нигоҳ кард.
Нимойи умумии деҳкадаро, ки гўё аз нигоҳи духтарак ба чашми ў интиқол шуда буд, дид: пешнимойи ин манзара сутуну сарсутунҳои айвони масҷиди куҳна бо рада- рада чўбҳойи пўсидаву дудхўрдайи он ва сари жўлидайи тифлаки зардмўйи жемперарғувонӣ буданд.
Тифлак, аз ҳузури марди ношинос беқарору музтариб, панҷачаашро бар дастайи гаҳвора ниҳода, сари по меистод.
Дурнимо ба кулбаи қадимии эшони ҷандапўш ва мактаби ў часпида буд; ба кулба ва суроби пиразан, ки болоро менигарист. Пиразан майли хестан дошт.
Сағира ўро ба мушоҳида гирифта буд: чашмонаш қадам ба қадам ўро, ки нахуст аз дидораш ва гуфтораш сахт ҳаяҷонзада шуда буд, таъқиб мекарданд. Ў медид, ки чӣ гуна пиразан зери айвони аспхона, дар ҳоле ки чашм аз сақфи хона бармедораду ба самти рости айвон бозмегардад ва дар зинаҳойи сангин боло меравад. Ногаҳон ин пиразан дар сояи айвони болохона нопадид шуд.
Нигоҳи сағираи дурбини дар зери айвоне, ки пиразан нопадид шуда буд, истод ва аз боло, аз ҳолати амудӣ, тадриҷан ба ҳолати мойил гузашт, лаби айвону девор ва нигаси сангини пойиниро ва дарахти камнавдайи тути бехи пойдевори сангинро ба тасвир гирифт: чизе сафед, мушобеҳи парандайи сукуткарда, дар он ҷо метапид.
Вақте бошитоб пойин омад, хурўсакеро дид нимбисмил, ки ҷон меканад. Сағира хам шуд ва хурўсро бардошт. Сари хурўс ва болҳояш овезон шуданд, тоҷаш меларзид.
Сағира, хурўси сафед дар бағал, аз сояи нигаси хароб зуҳур карду бошитоб дар зинаҳо, ки пиразан нав тайшон карда буд, худро боло зад ва рафт ба гўшайи болойи айвон ва аз кунҷи чапи айвон берун шуд.

пешина
аз 186
навбатӣ