Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Сағира ба дунболи пиразан қариби кулбайи баландаки ў расид. Панҷ кўдак, писаракон, дар лабгўшайи боми хонайи муқобил сина зада ва кинатузона нуқтаеро мепесонданд.
Сағира нотавон шуд. Надонист, ки аз ин баъд чӣ кунад?
Беҷуръатона по мезад. Ногаҳон аз паси сутуни долон бачае олусчашм баромад. Дар дасташ санг дошт: сари сағираро чен гирифта буд.
Сағира музтарибона хурўси ниммурдаро бар чўби айвон монду боэҳтиёт тоб хўрд, то ки аз ин ҷойи пурҳарос дур шавад. Вазъ мағшуш буд. Ҳама ҷо хавфи нуҳуфта дошт.
Мисле ки хоб медид. Ў дар ин воқеаҳойе, ки дар пеши чашмаш рух медоданд, иштирок дошт. Ин ҳама баройи ў буданд, ў дар маркази ҳамайи ин воқеаҳойи хавфомези гунгона карор дошт ва мефаҳмид, ки бояд худашро раҳо кунад, вале наметавонист. Ў ба худаш ихтиёр надошт. Дар миёни ду тарс тахтабанд шуда буд. Вазъи ваҳшатбори худро мушоҳида мекард. Бачайи олусчашм пеш омада хурўсро гирифт ва ба сўйи дари танги пастаки пиразан бурд. Нигоҳи тарсдори сағира дар рўйи девори кўри долон мегашт.
Дар боз шуду пиразан дар торикии камранги кулбааш сафедӣ кард. Бачаи олусчашм хурўси мурдаро бо душмании ошкор ба сўйи ў дароз кард. Пиразан хурўсро аз дасти бачайи олусчашм гирифту баргашт ва дар торикии кулба ғарқа шуд.
Пиразан ларзида- ларзида ба назди девор омада, хурўси мурдаро дар лона, ки дар мағзи девори ғафси кулбайи ў, дар паҳлуйи дар, кофта шудааст ва дари чўбин дорад, андохт. Садойи кунди афтодани лошайи беҷони хурўс аз дари танг берун омад.
Пиразан, баъди он ки хурўси мурдаро дар лона партофт, баргашту дар бехи сутун нишаст ва гўё ҳич таваққуф накарда бошад, ривояташро идома дод:
- Моро кофир гуфтанд. Мурдаҳомонро дар қабристон роҳ надоданд. Мурдаҳомонро дар решайи дарахтон, дар девори кулбаҳомон гўр кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё