Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас ба сари гўрҳойи куҳнаву манзили абади бобову бибиҳомон омаданд.
Мурдаҳошонро аз гўр берун кашиданд ва бурда дар ҷарҳо рехтанд. Ҷар аз устухон сафед шуд.
Сағира дигар шунидани ҳарфи пиразанро таҳаммул накарду аз долон пойин рафт.
Бачаи олусчашм аз дунболаш бо овози паст хонд:
Урус, урус, урус,
Дар кунут папрус!
Бачаҳойи пушти бом байти ўро қапиданд ва низ бо овози паст хонданд:
Урус, урус, урус,
Дар кунут папрус!
Дар ҳоле ки кўдакон дар рўйи бомҳои дур ҷанҷол доштанд, сағира аз самти рости деҳкада зуҳур кард ва дар бехи чормағзи бузург андаке истод. Пас ба хараки гўшайи хилвате, ки танҳову холиву беодам дар он ҷо монда буд, рафта нишаст ва хушнуд шуд: саранҷом барои нишаст ҷое ёфту миёнаш роҳат кард. Кафшҳояшро кашид ва поҳойи хастаашро бар онҳо ниҳод.
Деҳкада дар пойини пояш буд. Нигоҳ карда дид. Гурба аз айвон мегузашт. Пиразан аз кулбайи хеш берун омад ва рафт болову нопадид шуд.
Ду кўдак аз он сўйи ҳаёта падид омаданд ва бо кўдакони дигаре, ки дар лабгўшайи бом нишаста, ба тирезайи во нигоҳ мекарданд, пайвастанд.
Ду кўдак рў ба офтоб давиданду аз боми пойин ба лабгўшайи боми баланд ҷаҳиданд. Чизеро диданд. Ногаҳонӣ ба ақиб бозгаштанд ва тозиданд. Яке аз он ду писарак- Ҷими дар боми дур падид омад ва дар гўшайи бом бозистод Дар он сўйи бом нимайи болойи дарвоза бо бомаке пасти танг ва паҳнойи бомҳойи дигар, дудкашҳойи баланди хокистарранги боронхўрда нигоҳи сагираро фаро мегиранд. Зан бо мурдайи шўяш дар ин нимарўз ба дарвоза наздик шуд ва мушт ба пушти сағира зада, ба ҳавлӣ вурудаш кард. Рўшанӣ каму коҳида шуд: дар ин ҳавлии танг офтоб намерасид.
Сағира зовияи нигоҳашро дигар кард; ба ҳавлӣ наздик мешуд.

пешина
аз 186
навбатӣ