Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Поёнтари хода латтайи сапед низ баст. Ҳангоми аз назди он гузаштан одамон, хоҳ пиёда бошанд, хоҳ болои мошин, даст ба рўй мекашанд. Сағона дар сари роҳи калон буд.
Ва Хиёлро боз фикри роҳ ба сар омад. Ў дар ин роҳи хомўш хеле рафтуо кард. Саҳар дар мошин, бегоҳӣ- савори тележка, вақти хондан, нисфирўзиҳо, баъди дарс- пиёда. Гоҳ танҳо, гоҳ бо ҳамсинфонаш, гоҳе ҳарду танҳо- Хиёлу Сабо.
Дар миёни роҳ ҳайкале аз дур намоён мешавад. Вай дар болойи теппайи баланд. Аз ин ҳайкал чашм намекананд.
Ин ҳайкал Наим аст- саркори бебадали бригадае, ки падарону модарони онҳо аъзои ваянд; ва солҳост, ки ана ҳамин тавр субҳидам, нисфи рўз, вақти шом, се бор дар як рўз, ў ба ҳайкал табдил меёбад Субҳидам мардум ин ҳайкалро аз дур дида, қадамҳошонро метезонанд, нисфирўзӣ лаҳзайи дамгирӣ кўтоҳтар мешавад: дароз кашида, лаҳзае фароғат намуданро эб намебинанд, вақти шом аз замин дертар мебароянд. Одами бетоқатест, на худаш ором дорад, на мардумро осуда мегузорад. Ба замин кам хам мешавад, магар баҳорон, вақте ки раъд меғуррад, осмон сиёҳ мешавад ва ба замин жолаҳойи сафед мерезанд.
Хиёл ўро дар ин лаҳзаҳо дида буд. Хам куҷо? Ба замин парў хобиданашро дид. Ин вақте рўй дод, ки жола пайи ҳам чанд рўз фақат пахтаҳойи замини ўро абгор кард.
Жола банохост омад. Мардуми сафолатшикан гумон доштанд, ки жола тез мегузараду корро давом медиҳанд, аз замин набаромаданд Баъд жола сангҳо барин омад. Мардум дар таги шифти мурғхона панаҳ бурданд. Фақат Наим дар миёни замин монд. Ў гоҳ ба ин тарафу гоҳ ба он тараф медавид. Дастонашро паҳн карда медавид, гўё бо ин ниҳолҳойи дубаргро аз сели жола мераҳонид. Жола тухм барин буд- сафеду сахт. Баргҳо ғалбер мешуданд, меканданд, пора- пора шуда, миёни ҷўякҳо мерехтанд.
Ниҳолҳо зери лахчаҳо гўр мешуданд. Ў дод мегуфт, медавид, пешпо хўрда меафтид. Назди ниҳолҳо зону мезад, бо кафаш рўйи онҳоро мепўшонд, канда шудани барги дигареро дида, фаврӣ худро болои он мегирифт, ба умеде, ки яке аз ниҳолҳоро аз фалокат нигоҳ дорад.

пешина
аз 186
навбатӣ