Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Жолаҳо ба сару рўйи ў мерехтанд. Дардро ҳис намекард, танҳо… Танҳо ғалоғулаву садойи рақиберо мешунид, гумон мекард, ки мошинҳойи бисёре аз осмон ба сари пахтаҳойи ў сангу шағал мерезанд. Аз ҳол рафт. Ё беҳуда будани ҳамайи ин даводавиро дар муқобили балои азим фаҳмид. Истод.
Пиҷакашро аз тан кашид, ба болойи наздиктарин ниҳолҳойи наврасида партофт, худ низ парў афтид.
Жолаҳойи дар пеши рўяш бозӣ кардаистодаро дошта мегирифт: хашмгинона зери дандон монду қарс- қарс хойид. Об карду фурў бурд.
Хиёл ҳамайи инро дида буд. Ҳама дида буданд: хурду калон, зану мард. Аз ин рў, ба дилсўзии ў дар ҳаққи ҳар ниҳол, ҳар кўрак ва ҳар пахтайи шукуфта шубҳа намекарданд.
«Кош, ба тамоми колхоз рехта бошад! Кош, нисфи пахтайи колхозро нобуд карда бошад! Ақаллан ду ва ё се бригадаро, фақат заминҳойи ўро танҳо не. Ў аз танҳойӣ метарсад. Фалокат биёяд, бар сари ҳама биёяд,»– фикр мекард Наим дар он лаҳзаҳо ва ҳам замину ҳам осмону ҳам пахтаву ҳам одамонро нафрин мехонд. Вале касе онро намешунид, онҳо афту дарафти Наимро баройи пахта мепиндоштанд. Хиёл ҳам чунин фикр дошт. Вале баъд Сабо низ майли саҳро карду дар роҳи дароз баъзе гапҳо гуфт, ки Хиёл дар тааҷҷуб монд. Аз он ки қариб чизеро намедонистааст.
- Сабо нияти саҳроравӣ дорад,- гуфт модараш оҳиста ба падари ў.
Наим, падари Сабо, аз ин азми духтараш ҳеҷ хурсанд нашуд. Баръакс, ҳайрон монд. - Барои ў хонайи салқин беҳтар нест? Саҳро гулистон не, ки…
Инро агар Сабо нею каси дигар мегуфт, бовар намекард. Ў табиати падари Саборо қариб намедонистааст. - Одамон гул чида намегарданд. Пахта хуни одамро хушк мекунад, ҳаво метафсонад, майна меҷўшад,- мегуфт ў ба модари Сабо.– Ту аз хона шиштанат ягон зарар дидӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё