Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Биёед, биёед!
    Вён Шаранг гуфта буд:
  • Салом, хоҳарак! Иҷоза медиҳед, ки хунайи навро аз ҳавлитон сурат бигирам?
  • Майлаш. Биёед, биёед.
  • Хунаатон иқа баланд аст?
  • Ҳо, шабҳо абр рўйи бомамун мехобад.
    Оғилҳошон низ сангӣ буд ва тактак миёни сангистон, бехи сангистон бо дарҳойи во гўё ғунуда буданд. Чошт наздик буд, молҳо рафтанд, камару оғилҳо холӣ буданд.
  • Тарма намеояд?
  • Барфи гузашта тарма фуромада буд, то чормағз умада истод. Пасон худ ба худ обу адо шуд.
    Дар ин кошонайи тару урёни мисли гўсолайи навзоди очамурдаи бўр зангзада, бехи сахрае сабз ҳич кас набуд.
    Офтоби ғамзада хаставу афгор бар он куҳи пушти кошона андўҳ мерехт, таровати онро зада буд, куҳ ранг бохта буд, хокистариву берангу беҷон талли азими мурдарегро мемонист. Осмон ранг зада буд ё офтоб.
    Сангу обу бурс, сангу обу бурс; ғурури одатӣ дубора гирифташ. Ў ҳар бор ҳамлаи яъсу навмедиро агар ба ҷонаш ҳис мекард, пешакӣ худро мебохт, хурду ночиз мегашт ва шикваю нолиш ба роҳ меандохт. Як мардаки солманди бариш бечораи беирода шуд, мисли гўсолайи навзоди очагумкардайи бур дар бехи сахрае зону зад. Аз пову пар монд.
    Ў ҳич ёд надорад, ки боре ҳам боҷуръатӣ карда бошад.
    Занбўри зардак асабӣ ба бари рўяш ҳуҷум кард. Ў кўз кард, сарашро дар гиребонаш фурў дод. Оринҷашро аз сараш боло гирифту каҷ шуд ва пушти дасташро рўи чакааш оварда, зери он панаҳ бурд ва беқарор даст афшонд. Аз зери банди даст каҷу тарснок чашмонашро дунболайи манёврҳои занбўр мегардониду мепойид Аз қаъри хотираҳойи дури бачагӣ ногаҳон калимае халосиовар рў зад: талх, талх, талх! Яъне, гўштам талх аст на ширин, арзиши газидан надорад ва бо ҳамин шурўъ шуд талхнигорӣ. Ҳама чиз талх аст, ҳама ҷо талх аст, зиндагӣ талх аст, ҷанг талх...
    Занбўр нафрат карду рафт, талхкомӣ монд. Ҳама чиз бад намуд. Ин хостатарин ҳаракати ў буд, дар ин ҳаракат ҳамайи зиндагии гузаштайи ў тамаркуз миёфт.
пешина
аз 186
навбатӣ