Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қатъӣ бовар мекунад, ки ў ҳеҷ гуна, ҳеҷ ин гуна суханҳоро ба рўйи коғаз навишта наметавонад, касе ҳам аз забони ў нахоҳад шунид. «Ишқ, дўст медорам, даргирифтам, маро нагирӣ, мемурам!»- андомашро каҷу килеб намуда, масхара мекард ў номанавиштагони Саборо. Вале ин дафъа ҳеҷ номае ба Хиёл наовард. «Ягон гапи ҷиддитар будагист,»- фикр кард Хиёл.

Хаёл ба ҷогаҳ даромад, беҳад мехост, ки лаҳзае ба олами хоб гузаштани худро дар хотир нигоҳ дорад. Чашмашро мепўшид, симоҳо, манзараҳо дар пеши назараш ба ҳаракат меомаданд. «Хоб ҳам инчунин аст,- фикр мекард ў.– Фақат пеш аз хоб бо чашми пўшида фикрҳо баён мешаванд ва ту мебинӣ, ки гўё ба онҳо аз бистар назар меандозӣ. Вақте ки хоби худро андаруни фикрҳоят мебинӣ, миёни симоҳо, манзараҳо, воқеаҳо. Хоб шакли бадеӣ ва баландбардошташуда, шакли муболиғаноки дарки воқеият аст. Хоби ҳар шаб дида китоби нав, филми нав барин аст, ки ту қаҳрамони он ҳастӣ ё ягон иштирокчии муқаррарӣ. Ба ҳар ҳол дар давоми шаб ба ҳазор кас, ба ҳазор симо мубаддал мешавӣ, ҳазорон воқеа ба сарат меоянд. Азбаски ин ҳодисайи биологӣ ва руҳонӣ аст ва ба организми инсон низ таъсир мегузорад,- ба хотир меоварад ў дарсҳои анатомияро ва давом медод ў фикрашро,- масалан, рўзона аз саг ё ягон чизи дигар битарсам, ҳамту мегузарад, агар шаб дар хоб тарсида монам, саҳар ба лабу даҳонам нигоҳ карда наметавонам. Ҷо ба ҷо табхол медамад.»
Ин қиссаро ҳама медонанд, то оне ки мўйи болойи лабаш сиёҳ шуд, аз ҳама одамҳое, ки тасодуфӣ ё бо коре, ё ҳамин тавр, аз рўйи шиносойӣ, ё таваҷҷўҳ бо онҳо ҳамгап шудааст, як борӣ шунидааст. Вале ҳеҷ кас намегўяд, ки аз куҷо шунидаасту кӣ гуфтааст. Гўё ҳама инро ба чашми худ дидаанд. Модараш низ, то ҳоло боре ҳам аз деҳа ба ҷое сафар накардаасту бибикалон ҳам. Ў, умуман, аз ҳавлӣ берунро намедонад. Ҳар кадом даҳборӣ, бегоҳиҳоии зимистон, дар назди печкаи гарм бо кайфияти хоссе онро ҳикоят мекунанд:

пешина
аз 186
навбатӣ