Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
«Духтараке бо падару модари пираш рўзгори хуше доштаанд. Духтар ба волидонаш эҳтироми хосса доштаасту аз онҳо сипосгузор будааст. Ба рўяшон нигоҳ намекардааст, ки мабодо нигоҳаш сахт нарасад. Суханашонро ба замин намегузоштааст. Онҳо низ ягона духтарашонро аз ҳар ҷониб азиз медонистаанд ва ҳама буду набудашонро баройи ў сарф мекардаанд.
Рўзе мўйсафед духтарашро бо худ ба шаҳр мебарад.
Онҳо дар як кунҷаки автобуси дарозе менишинанд. Ҷавоне дуртар аз онҳо рост меистодааст. Духтараку писарак чашм ба чашм шудаанд ва дуру дароз ба ҳам нигоҳ кардаанд.
Мўйсафед, ки аз аввал дар курсии мулоим пинак рафта буд, чашм кушода, нигоҳҳойи ба ҳам дўхтайи онҳоро мебинад ва дар қаҳр мешавад, рўймоли духтарро поён мекашад, ба рўйи чашмаш мефарорад, ҷавонро коҳиш мекунад ва ўро дуртар аз нишастгоҳи духтараш тела медиҳад. Вале онҳо боз ба ҳам менигаранд. Мўйсафедро кирдори духтараш меранҷонад. Ў худро миёни мусофирони автобус шармандаву шармсор мебинаду даст ба дуо мебардорад, ки Худо чашмони духтарашро бигирад, чашмони сиёҳи духтараш сафед мешаванд. Духтарак дасташро ба ҷониби ҷавон дароз мекунад. Ҷавон дастони ўро мегирад. Мўйсафед дубора даст ба осмон бардошта, чизе зери лаб пичиррос мезанад. Дар пеши назари мардум дастони духтарак дар дасти ҷавон ба сумми хар табдил меёбанду оҳиста ба дасту рўю баданаш пашми маҳини сафед медамад. Ва якбора мардум дод мегўянд. Шофирро огоҳ мекунанд ва ў мошинро нигаҳ дошта, харро дар даруни автобус мебинаду бо қаҳру ғазаб соҳиби харро мепурсад. Мўйсафед аз ҷояш мехезад. Шофир ҷанҷол мебардорад ва барои харро ба автобус дароварданаш аз ў ҷарима ситондан мехоҳад. Мусофирони бехабар аз асли воқеа низ барои беҳурматиаш дар ҳаққи одамони автобус ўро сарзаниш мекунанд. Фақат ҷавон ба ҳимояи мўйсафед мехезад ва ба шофир ҳақиқати ҳолро нақл карда мегўяд:
- Мўйсафедро беҳуда ранҷа медоред! Ин хар не, духтари ўст!
Чи шўре ба по хест. Мусофирон валвала бардошта, ба сари ҷавон ҷамъ шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё