Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Охиринаш ҷавонтар буд. Хешу таборонаш яке аз хешони дигари худро, ки Сарвиноз ном дошту хеле ҷавон буд, тайёр карданд, ки ў як худро санҷида бинад, шояд баҳраш сабз шавад. Умри одамӣ умри чанор нест. Чанде нагузашту раис мурд.» Кӣ медонист, ки чанд соли дигар умр мебинад мўйсафед? Занаш танҳо монд, мардум мегуфтандаш, ки ҳанўз ҷавон аст, аз нав шавҳар кунад. Фарзанд меваи ширин, ҳар чи хел ки набошад, соҳиби дастгирӣ мешавад, вале Сарвиноз ҳеҷ розӣ нашуд. Ҳанўз ҳам хотираи мўйсафедашро пос медорад. Мўйсафед коммунисти куҳна буд, ҳар боре, ки бо Хиёл дучор меомад, ҳамин суолро медод: «Туро бисёр доно мегўянд. Канӣ, бигў, минимум чисту максимум чист ва инро партияи болшевикон дар кадом съезд гуфтаанд?» Хиёл, ки ин чизҳоро ҳанўз намедонист, хомўш мемонд. «Пас, мардум муҳобот мекардаанд, ту ҳеҷ балоя ҳам нахондаӣ,»- мегуфт раис ва роҳашро давом медод.
Сарвиноз ҳоло дар хонаи додараш зиндагӣ дорад, фарзандони ўро парасторӣ мекунад. Чӣ шавад, ки суол ба ту медиҳад, ки дармонӣ. Ў рози одамонро, рози ҳайвонотро медонад, ҳамаро медонад, вале хомўш аст ва ҳамеша забони худро бастааст, рози мардум ба раҳгузарон ошкор намесозад, то мардуми роҳ аз асрори дигарон дур, фақат ба даруни худ назар андозанд.
Роҳ Хиёлро хуб медонад. Охир ў дар ин роҳ хеле равуо кардаасту зиндагии ўро хуб медонад. Медонад, ки падараш устои гулкор аст. Одамон ўро ҳурмат мекунанд.
Ҳамеша, бегоҳҳои ҷумъа, устохонаи ў аз ҳамсолону қадрдонҳояш пур аст. Ў сари чизе мегирад, метарошад ё мекобад, онҳо тарошаҳоро миёни устохона, дар манқале, мепартоянд ва ба оташи кабуди он чашм медўзанду дар бораи рафтагони дурафтода гап мезананд, ҷўраҳоеро, ки аллакай аз миёни онҳо рафтаанд, ёдоварӣ мекунанд. Баъд ба суҳбати онҳо офтобайи болои манқал низ ҳамроҳ мешавад. Меҷўшад. Ҳавр мебарорад. Ҳавр ба сақфи саройвор баланди устохона мерасад. Баъд чой менўшанд. То дергоҳи шаб овозҳойи пасту баланди онҳо ба ҳам омехта, то кати чўбини чоркасайи таги чинор мерасад, ки он ҷо Хиёл пеш аз хоб китоб мехонад. Баъд падараш вақти рафтани ҷўраҳо ё ягон дона чумчае, ё ягон гаҳворачае барои лухтаки кўдакон, ё нугулкўбаке ба ҳар кадомаш медиҳад.

пешина
аз 186
навбатӣ