Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ё мегўяд:

  • Ҳа, Моҳватан! Дар остинат тухм дорӣ? Бинии мошинаат шикастааст? Пеши Ҷалил монтёр мебарӣ? Ё боз сими чароғотона буридаанд? Чӣ дур мегурезӣ? Мегирам!? Ё аз арвоҳи кампирам тарсидӣ, ки боз аз гиребонат мегираду мегўяд: «Мўйсафед дина чиба ба хонат рафт?».
    Ва механдад.
    Ва боз суханҳои гарму нарми бисёре дорад падари ў.
    То шом ба ҳама раҳгузарҳо мерасанд. Дилаш оби дарёчайи пушти ҳавлӣ барин, софу равшану пок аст, ҳамаро ташнагӣ мешиканад, ҳузнашонро барҳам мезанад, гарди афсурдагиро аз рўяшон мебардорад, гоҳо хокистаролуд низ мешаванд, то шишаи дудгирифтаи чароғи дили мардуми қавоқгирифтаро тозаву пок шўяд.
    Хиёл аз падари худ розист. Ҳама медонанд, ки ў падарашро беҳад дўст медорад, ҳарчанд ки аз лақаби падарашро пеши ў гуфтани онҳо хашмгин намешавад. Ҷўраҳояш инро мефаҳманд: мазмун, ў чубуқкашиву зиндадилии падарашро аз насиҳатҳои муллоёнаи баъзе ҳамдеҳагони калонсолаш увло медонад. Ва боз сабаби дигаре низ ҳаст, ки боиси муқобилгузории онҳову падараш мегардад. Падараш дар хона болойи кўрпача шинад ҳам, рўзона ҳатман дар болойи курсӣ мешинад ва пешаш миз мемонад, болои миз самовар мегузорад, - мизи вазнину курсии пўстаки бузпўшро ў аз чўби чормағз сохтааст, - баъд, то шикастани тафси рўз, он ҷо чой менўшад. Ба мўйсафедон ин маъқул нест. Ўро дар ғайбаш ҳатто Усто Усмонбангии усталшин ҳам мегўянд. Падараш ҳам аз ин гапҳо парвое намекунад.
    Медонад. Фақат зонуи чўбинашро мемоладу механдад.
    Баланду базавқ механдад. «Ин мардуми мо аҷаб мардуманд!» – мегўяду халос.
    Як рўз, бегоҳӣ аз устохона овози падараш баланд шуд:
  • Хиёл!
  • Лаббай!
  • Як давида биё!
    Хиёл омаду ҳайрон монд. Падараш ба девори устохона, як ваҷаб боло аз фарш, теша мезад.
  • Чанд товасанг оварда будам, канӣ, ҳамунҳо?
пешина
аз 186
навбатӣ