Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Аҷоиб буд. Кўрайи оҳангарӣ барин, ангишт супсурх месўхт. Хона сап-сафед. Нишонайи дуду бўйи ангишт нест. Аз соҳибхона пурсидам, ки бўю тафаш куҷо меравад? Нафаҳмид. Баъд як ҳамроҳи худам – латиш гуфт. Фаҳмидам, ки танўр неву камин аст. Баъд дар ҳар хонайи калон камин дидам.
Фақат камтар хишт ёфтан даркор, хишти пухта, агар наёбем, хишти хом мерезем. Ана... Баъд аз дуди манқал устохона сиёҳ намешавад, чашми меҳмонҳо ҳам намесўзад, зимистон дару тирезаро ҳам намекушоем, картошкаву кадуро ҳам дар таги алов пухтан мумкин. Дидӣ, бачам, падарат пир ҳам бошад, чӣ нағмаҳое мекунад?
- Ман хок меканам, лой мешўрему хишт мерезем, бисту панҷ дона бас аст?
- Не, бачам, ту ин кора намекунӣ. Ман одами бафурсат. Аввал фикр мекунам, оҳиста-оҳиста нақшайи онро дар майна мепазонам. Ман устойи каминсоз не- ку?
Ҳисобу ҳасад мекунам, ки чанд хишт даркору чӣ хел дудбаро сохтан мумкин. Нақша ки тайёр шуд, худам туро ҷеғ мезанам. Ҳозир, бачам, як гапи дигар. Ҳамроҳи бачаҳойи ҳамсоя ба саҳро баро. Наим нагўяд, ки: «Усмон- ку худаш чулоқ, писараша чиба ба кори колхоз намефиристонад?»
Рав, бачам, он ҷо зиқ намешавӣ, ҳавои кушод. Баъд, кори саҳро чандон душвор нест.
Хиёл ҳамон рўз, баъди дарсҳо, ба саҳро рафт. Баъдтар Сабо низ майли саҳро кард. Наим, падари Сабо, аз ин азми духтараш ҳеҷ хурсанд нашуд. Баръакс, лаҳзае ҳайрон монд. «Барои ў хонаи салқин беҳтар нест? Саҳро гулчинӣ не-ку, он ҷо пахта ҳаст. Пахта хуни одамро хушк мекунад, ҳаво метасфад, майнайи одам меҷўшад» – мегуфт ў ба модари Сабо. – «Ту аз хонашинӣ ягон зарар дидӣ?» Аз рўзе, ки ў по ба хонаи Наим гузошт, саҳроро фақат дар хоб медид.
- Ҳеҷ гапе надорад, равад, дугонаҳояш ҳастанд, баҳри дилаш кушода мешавад... Чӣ бадӣ дорад? Равад!- гуфт модараш...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё