Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Хайр, падарат ҷанҷол намекунад?
  • Не!
  • Ба ҳар ҳол хабардор кун, ки мо шаб омада, туро ҳамроҳ мегирем, дарвоза ҳам баста набошад. Пушти дар фиғон карда нашинем.
  • Дарвозаи мо кушода-ку.
  • Тайёрита бин, ягон ҷомаи пахтагин ҳам гир. Шаб хунук мешавад.
  • Хуб.

Шаб бо онҳо рафт. Мерафту бо тааҷҷуб ба ҳамроҳонаш менигарист. Шаб ширмаҳтоб буд ва ҳама ҷо шир барин сафед менамуд. Як намуди онҳо ўро ба ҳайрат меовард, гўё шабехун заданӣ бошанд, ҳама ҷиддӣ буданд, гиребони пиҷакҳо бардошта, манаҳҳо даруни гиребони курта, кулоҳҳо болои чашм, қадамҳо боэҳтиёт, дузд барин. Пичирпичир гап мезаданд. Ростӣ, ҳамсолони худро бори аввал ба ин сурат медид. Калонҳо аз онҳо дуртар мерафтанд. Партову Ҳасани Трубаро шинохт. Касе, ки пешопеш мерафт, ҷомаи дароз пўшида буд ва дар сараш телпак дошт, ба овози Маннон, ки қуттии «Памир» дар даст ҳамаро ба сигареткашӣ таклиф мекард, аҳамият надод.

  • Вай кӣ?
  • Моҳлиқоб, - оҳиста пичиррос зад Маннон.
  • Моҳлиқоб!?
    Хиёл ҷониби Ҳасани Труба нигоҳ кард: хоҳарашро ҳамроҳи худ гирифтааст?!
    Онҳо аз деҳа баромаданд. Ба роҳи замини болои боғи Робинзон гаштанд. Имшаб дур мерафтаанд. Маннону Имом дар паҳлуи Хиёл қадам мезаданд. Мавзўи гапашон ҳам шабона буд. Он чизеро мегуфтанд, ки Хиёл дар рўз аз онҳо ҳаргиз намешунид. Дар бораи ситораҳо ва ҳодисаҳои осмонӣ гап мезаданд. Ҳафтдодарон, Роҳи Каҳкашон, ситораҳои касонро тафсир медоданд. «Момаи Ганҷура барин муҳокимаашон,» - фикр кард Хиёл.
    Роҳ дароз буду шаб диловез. Хиёл пиндошт, ки ҳозир лаҳзаи басо муносиб аст, агар бо ҷўраҳо баъзе гапҳоро гуфта гирад. Лаҳзае, ки нигоҳи онҳо ба осмон асту дилашон миёни ситораҳо мегардад, фикрҳои заминӣ ҳамроҳашон ва бе ягон гарданшахӣ ба ў изҳораш медоранд.
пешина
аз 186
навбатӣ