Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Маълум, ки ўро дар кўдакӣ мезаданд баҳудаву беҳуда, ҳине, ки механдид, ҳине, ки мегирист. Чун дар ҳоли хандидан ҳам сарашро дар паноҳи дастонаш мебурд ва ҳине, ки аз рўйи тақозойи нақше дар он филм кулўх ба сараш андохта буданд, ў айни ҳамин амалро такрор кард.
Ҳамеша нигаронии кутуки ногаҳониро мекашид.
Ҳолате хеле камназире ба худ мегирифт. Ҳама чизро коргардони навкор ба дўши худ мегирифт, ки аз шиносони дураш буд. Хост дар филмаш истифода кунад. Вале ин ҳолатро бозофаридан хеле душвор буд. Кўшишҳойи коргардон самар наоварданд. Агарчи то анҷоми даврайи навор бо он ҳолат чизе ба даст наомад, боз ҳам ин сафар бузургтарин воқеае дар зиндагийи якрангаш буд; одами танҳойи хилватгиройи камрў ба ҷамоат кашида шуд. Забон баровард ва бо одамон дар гуфтугў шуд. Акнун аз одамон намерамид.
Вале ин як муддате буд кўтоҳ, хеле зуд дунё дигаргуна шуд:
дар шаҳр ҷанг омад, ў чанд рўзе дар хона нишаст. Гўё ҳич тағйире дар рўзгори ў ба амал наомада буд; пештарҳо дарро куфл мезад ва даруни хона ҳафтаҳо менишаст. Бо майли дили худ амал мекард. Ҳоло ў он озодии амалро аз даст дод.
Ботинаш шўрида ва осоишашро аз даст дода буд. Низ аз муҳит эҳсоси тарс дошт, вале аз зиндагӣ навмед набуд, акнун зиндагӣ бемаъниву тира ва пур аз таҳдиду хавф шуда буд. Чанд рўз бо тарсаш набард кард: дид, ки зайиф асту мадоре надорад, ки бо тарсу ҳарос дар мубориза шавад.
Бархост, қуфли дарро кушод ва нигарон нишаст. Рўзи дарозе ба поён расид, касе надаромад: гўё ҳич кас дар қасди ҷони ў набуд. Шаб фаро расид, яъне, дигарбора тира шуд, дарунаш дуд гирифт. Дарро ба диққат маҳкам кард ва ба бистар рафт.
Ҷанг овози худро дошт. Ва ин овоз ўро дар бистар печонда буд. Ў кўз ва кулук дар бистар уфтода меандешид, ки хеле нотавон ҳаст ва дар ин дунё танҳойи танҳост. Телефон надошт, ки бо касе ҳамгап шавад. Шабро бехоб рўз кард.
Дамдамайи субҳ бархест, газро даргиронд. Об низ буд. Ба чойники вазнини чиркин об рехт ва рўйи газ ниҳод. Бо ҳирс чой хўрд, пас худро ба берун зад: таҳи дилаш умед дошта, ки ногаҳон яке аз тирҳойи дайду ба ў бирасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё