Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Акнун хезаду ба ҳамин одам гўяд, ки: “Ўй нобакор, чӣ кор мекунӣ, чӣ ният дорӣ?!” Хиёлро қариб ханда ба лаб зада буд, вале худдорӣ кард. Ў нафас ба дарун гирифта интизор истод. Аҷоиб менамуд оқибати ин кор. Наход аз деҳа ин қадар роҳи дарозро нисфишабӣ тай карда, барои ҳамин омада бошад?
Ҳозир баргашта боз ба деҳа меравад ё ҳамин ҷо мемонад?
Агар ин ҷо намонад-чӣ?
Гўё Хиёл нияте дошта бошад. Пеши обро гирифтанӣ бошад, наход? Барои чӣ? Ў ҳайрони худ буд ва ба ҳар ҳол мехост, ки Наим тезтар аз ин ҷо биравад ва боз мехост, ки ҳамроҳонаш ўро бубинанд. Вале ҳамроҳони Хиёл Наимро намедиданд. Онҳо низ дар бехи ниҳоле баҳузур мехобиданд ва он гуна хобҳо медиданд, ки андаруни бистари гармашон медиданд.
Наим сарашро баланд накарда бел мезад, гўё тамоми дамбаҳоро аз дарёҳо бардоштанӣ буд. Ў одами босуботест, меҳнатдўст ҳам. Хиёл ҳанўз ҳам интизор буд; бо ҳамин фикр косаи сабрашро аз лабрезӣ эмин медошт, ки субҳ наздик асту Наим аз равшанӣ мегурезад. Шояд тезтар равад. Ё ўро битарсонад? Не, натарсаду ба замми ин тарафи ў биёяд ва ўро бибинад, кори нохуб мешавад.
Беҳтар нест, ки хомўш бишинаду аз ҳар шармандагӣ ҳам худрову ҳам Наимро эмин бимонад. Вале Хиёл наметавонист, коре накунад. Ў оҳиста кулўхеро гирифту ба тарафе партофт, хиширроси баргҳову пояҳои хушк на он қадаре буд, ки шарроси сарҷўйро пахш кунад. Хиёл бори дигар кулўхе гирифта, ин дафъа калонтар, шонаи Наимро ба нишон гирифта партофт. Наим «Ваҳ!» гуфта нидо карду дар ҳолате ки буд- дудаста белро медошт ва тарафи замин хам мешуду бо пойи чапаш белро пахш мекард – шах шуд. Пас каси аз хоб бо тарс хеста барин як қад париду ҳаросон монд.
Хиёлро ҳаросонии Наим маъқул шуд. Ў хушнуд гашт.
Далерона, паланг (аз филм дидааст, шунидааст) барин не, хез назад, аз фикраш гашт, ғуррид.
- Э-э-э-й!- нидои даҳшатноке баровард Наим ва ҷуссаи вазнинашро тоб дода давид. Аввал, оҳиста, сонӣ, тезтар ва боз тезтару тезтар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё