Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Парвоз мекард. Роҳу бероҳа, пастию баландӣ дигар вуҷуд надоштанд. Ў кайҳо парвоз дошт. Бехабар аз он ки кўдаке дар пушти ў пишакча барин бо дасту почаҳояш часпида гирифтааст ва дилаш ба кафидан наздик аст.
Ман дар табақи калоне афтодаам ва ин табақ гирд мегардаду гирд мегардад, чарх мезанаду чарх мезанад.
Ҳазорон хатҳои сабзу сиёҳ гирди ман мегарданд, сарам табақ, санги осёб барин гирд мегардад, вазнин гирд мегардад, сари ман чарх мезанад... Ба ғайр аз сумҳои рахшони асп чизи дигареро намебинам. Магар пойҳои асп аз ман нестанд? Ва ман ҳайрон медавам, пойҳоям шабеҳи пойҳои асп, ё ман саропо асп нашудаам, ин қадар тунд медавам ва сумҳои асп медурахшанд, чу исканаи дасти усто дар даруни табақи гардон...
Ин замин гоҳ хокистару гоҳ ҷигарӣ, намедонам, рангҳои зард дар он аз куҷо рехтаанд, ё мерезанд?! Ё акнун мерезанд?!
Ва ман шогирди табақтарошам, табақро мегардонам, чарх мезанонаму исканаи фўлодиро ба рўйи он медавонам, исканаро мебинаму табақро намебинам. Ба ҷойи табақ рахҳои бешумори рангинро мебинам, ки ҳалқа-ҳалқа пеши чашми ман боз мешаванд, ба он зудие, ки шабеҳи ҳалқаҳои мавҷ, ки аз санги ба об афтида ҷудо мешаванду мегурезанд, ҳалқаҳо аз қаъри табақ боз мешаванду ба лаби он медаванд, ё искана медавад! Ман медавам. Аспи даруни табақ медавад...
Чаро Тозагул, ҳа, ба ёдам омад, он зан Тозагул ном дорад, аспро ба ман дод!...
Асп ҳам одамҳоро диду одамҳо ҳам аспро диданд, ки майдон гирифтааст ва тирвор мепарад. Ва кўдакеро ҳам дар пушти ў диданд зин барин часпида! Чанд кас ҷониби асп давиданд. Асп ҳоло дур буд ва Хиёл дод намегуфт.
Чизеро, касеро намедид.
Ҳама шах шуда, ба аспу кўдак нигоҳ мекарданд. Аз тарс дам ба дарун гирифтаанд. «Кўдак маъюб нашавад, хуб!» – мегуфтанд дар дил. Баъзеҳо даст ба гиребон гирифта буданд ва чизе зери лаб пичир- пичир мехонданд.
Асп ба тарафи онҳо метохт. Хиёл суст гаштани дави аспро ҳис кард; чашмонашро кушод. Одамонро дид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё