Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • О-о-о-у, - мехост дод гуфта ёрӣ пурсад. Гўяд, ки аспро нигоҳ доранд, гўяд, ки асп дев барин асту зўрам намерасад. Гўяд, ки ўро мекушад... Вале бе ин ҳам сустии дави аспро ва ба дуқ- дуқ гузаштани онро ҳис карда, бо ҳамон овоз давом дод. – Ман омада-а-ам!...
    Ғуломаки сиёҳ ва падари Хиёл сўйи аспу кўдак давиданд...

Он вақт ҳам шод буду ҳам метарсид. Охир асп дар назари ў ваҳшӣ буду боз белаҷом. Пушташ луч буд, на зин дошт, на узангу. Вале ҳисси парвоз, кайфи парвоз то ҳозир дар дилаш мондааст. Ва ҳиссиёте, ки ин лаҳзаҳо сари ўро ба гардиш овардааст, ба он савории асп наздикие дорад; ин ҷо низ тарс ҳаст, вале тарс аз баландӣ ё дави асп не, аз мардум, аз шарми мардум. Охир, онҳо ба ташвишҳои беохири дунё боз ташвиши дигаре зам мекунанд. Онҳо мехоҳанд, беҳад мехоҳанд, ҳар ду танҳо бошанд. Бигзор соате, лаҳзае, чӣ қадар мехоҳанд, танҳо бошанд онҳо, ҳарчанд ин хилофи ойини мардум аст.
Ба Хиёл ҳеҷ лозим набуд, ки тамоми он лаҳзаҳои дар синф ё дар роҳи мактаб, ё дар роҳи саҳро бо ў будан, ё суханҳоеро, ки дар миёни пахтазор ба ў гуфтаасту аз ў шунидааст, ё ҳамин тавр, бе ягон сухане. бо ҳам будаанду паҳлуи ҳам истодаанд, ба хотир биёрад. Тамоман лозим набуд. Ҳамин як лаҳза ба ў кифоя буд, ки муносибати Саборо бо худ бифаҳмад. Ҳозир маънии он ҳама қаҳру итоб ва нигоҳҳои тезу нозолудро мефаҳмад. Ҳамин бас буд, ки дар миёни суханҳои аз ў шунида он чизеро бифаҳмад, ки ў ба забон оварда наметавонист. Ва худи ў магар метавонад? Ҳаргиз! Медонад, ки ҳиссиёте тамоми ҳастии ўро ба изтироб овардааст.
Ўро ташна гардондааст, ташнаи дидори ў, чашмони ў, хандаи ў, ташнаи овози ў, ташнаи сухани ў. Ва агар бо чашмони обдору зулоли ў ташнагии дилро намешикаст, лабонаш мехушкиданд, хоб аз чашмонаш мепарид, шабҳо мунаҷҷимон барин ситора мешумурд, мактубҳо менавишт, мехонд, медаронд. Магар бо ин дили шефтаи ҷавони шонздаҳсола осуда мешавад, таскин меёбад. Ҳамаи ин ғалаёни ҳис ногаҳонӣ ба сари ў омаданд, ки қариб аз худ бегона шавад.

пешина
аз 186
навбатӣ