Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ё лабони Сабо ниҳоят наздиканд! Суханони пурҳарорат, ҳатто тафсони духтар, ба гўши ў медароянд, рост ба дилаш мерезанд, дилашро чу оташе дар тоб мегиранд. Аз чӣ бошад ин? Охир ҳамон суханҳоеанд, ки дирўз шунида буд. Чаро он вақт бепарво буд, имрўз бошад, дар изтироб аст?
Танаш ҳам дар ҳолати дирўза; дар рўйи пахтаҳои пурчанг дароз хобидааст; рў ба осмон, гоҳ- гоҳе Сабо сарашро ё ба пахта пахш мекунад, ё ба бағал мегирад, то Садриддин ўро дар болои тележка набинад... Мабодо нафарорад.
Магар ин бегоҳ осон аст, ки лаҳзае сар ба зонуи ў гузошта қарор бигирад; наметавонад. Ва ҳамон қадаре ба Сабо наздик мешавад, ки ба оташи фурўзон наздик шудан мумкин бошад.
Ва олами болои сарро низ дигаргуна медид. Миёни мўйҳои парешони Сабо ситораҳо, чу чакраҳои об баъди саршўӣ, медурахшанду мекафанд, доси маҳ сар- сари шохаҳои зарди тут медавад. Шиками сафеди абри раҳгум ба доси маҳ бархўрда бошад, ки хуншор менамояд. Гоҳе ҳалқа барин дар гўши абри ҷингиламўй овезон мешавад.
Ин занҷири заррини теппаҳои уфуқ, ин яккатути сари замин, ин ҷўякҳое, ки гўё аз бехи тут сар мешаванд, думи шукуфтаи товус барин зебоянд. Ин замини серпахта, ин шабҳои саҳро чӣ қадар дилгир буданд. Ва ин моҳ, ки сарсари шохаҳои зарди тут медавад, дина шаб чу доси фаромўшшудаи мўйсафеди беҳуш сари шохе овезон буд, ин занҷираҳои тиллоии уфуқ, ки куҳҳои хурду бузургро чу шутурони корвони шабрав ба ҳам мепайвандад, дина ҳамсони дандонҳои зарди замини пир лаби осмонро газида хуншор мекарданд...
Хиёл ҳанўз ҳам намедонист, ки ин ҳама аз чист; фақат медонад, ки ин ҳама аз дасти Сабост, аз чашми Сабост, аз бағали Сабост; ў даст ба дасташ дод, чашм ба чашмаш андохт, сар ба бағалаш кашид, лаб ба гўшаш ниҳод ва чанде пичиррос зад, ки дили чун оташдони беоташ сиёҳу сардаш банохост шарар гирифт, афрўхт, шуъла зад ва дуде баровард, дуде ба сони қилаки занон нафису нозук, ки шаби саҳроро пеши чашмаш афсона мегардонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё