Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Банохост, бехотир. Вақте омаданд, ки тамоман интизор набуд. Ва тасаввур ҳам карда наметавонист...
Пахтазор. Ҷўякҳои беоб, шохаҳои камбарг, пағаҳои овезон, мўзаҳои куҳна, осмони ғуборолуд, лабони чиркин, бинии маҳкам ва... чашмони дурахшони Сабо. Ў ҳеҷ намедонад, ки аз чӣ онҳо ин қадар рахшонанду гўёянд? Ва чиҳо мегўянд? Ва ў бефаҳмтарини одамҳост, ки намедонад ин чашмҳои рахшон чиро ин қадар такрор ба такрор ба ў мегўянд? Аз чӣ онҳо ин қадар пурэҳсосанд, аз чӣ онҳо таранд, чӣ нуре дар онҳо медурахшад, чӣ маъние дар онҳо ниҳон аст? Ва аз чӣ ў аз ин нигоҳҳо дар изтироб меафтад, аспи хўсида барин худро қафо мекашаду пой мекўбад? Аз чӣ бошад, чӣ сеҳрро дороанд онҳо, ки ў дар табу тоб меафтад? Намедонад. Намедонад. Намедонад... Нафаҳмид.
Ин дафъа ҳам нафаҳмид... Дохил мешавад...

Шаб, тележкаи пури пахта, чанги роҳ, осмони ғуборолуди бемоҳ, заминҳои хиратоби пахта, овози трактор ва ў, ки аз қафои тележка медавад, меҷаҳад, то дасти Сабо ба дасти худ бигираду болои тележка барояд. То деҳа роҳи дароз аст. Сабо намехоҳад пиёда рафтани ўро.
Пинҳонӣ аз Садриддин ўро ба болои тележка, ба паҳлуи худ, мекашад, дар паҳлуи худ мешинонад.

  • Мумкин нест!- мегўяд ҳар бегоҳӣ Садриддин ба бачаҳо, вақте ки онҳо майли саворшавӣ ба тележка мекунанд.- Мумкин нест.
    Дар ин роҳҳои пурпечутоби борик шабонгоҳ тележкаи вазнини пурпахта калавида-калавида базўр меравад. Гумон мекунӣ, ҳозир ба чап меафтад ё ба рост, вале то ҳозир чаппа нашудааст ва Садриддин ҳар бегоҳӣ ду- се духтарро рўйи хотири ким- киҳо ба болои тележка мешинонад.
    Сабо низ дар қатори хотирдорон аст.
    Инак, дасти дарозкардаи ў панҷаи Хиёлро дар торикӣ, дар хамохези тележка, мекобад. Албатта, меёбад. Охир ин дастҳо ба якдигар майл доранд ва беихтиёр ба сўйи ҳамдигар дароз мешаванд, то бипайванданд... Ва ў дар болои тележка худро мебинад. Ва чӣ қадар хомўш пичиррос мезанад Сабо; ва чӣ қадар ў наздик аст, суханони одие, ки ҳар бор бо ҳам бошанд, ў шунидааст, боз ба гўши Хиёл медароянд, вале ин шаб аҷаб пурҳароратанд!
пешина
аз 186
навбатӣ