Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ва боз пати нозуки пушти лаби ўро дид, ки пари шабпарак барин нарму махмалин буд ва ранги шафтолуи обгирифта дошт. Хатти гирди лабонашро дид.
Ним қадаме миёни онҳо монд. Пойҳо дигар ҳаракате надоштанд. Фақат дастҳо, дастҳо беқарор буданд. Ва... ва онҳо, дастҳо, ба ҳам наздик шуданд. Оҳиста ба ҳам расиданд...
... Кўдаке савори аспи сурх гашт. Аспи девонаи майдонгир аз бинӣ оташ мефишонд. Кўдак маҳкам ба ёли асп часпида буд. Асп бар ҷигари офтоб мепарид. Вале бе боли парвоз буд. Ҷигари офтоб месўхт.
Дастҳо ба ҳам расиданд ва аз ҳам гурехтанд. Панҷаҳо шакли сари мор гирифтанд. Зебову фиребанда буданд ва якдигарро мефиребиданд, ҳамдигарро ба сўйи худ мехонданд ва ларзону ҳаросон ба ҳам наздик меомаданд. Бинӣ ба бинӣ мерасонданд, яке дигареро мебўид...
... Асп белигом буд. Чашмони беҷо дошту нигоҳи ваҳшӣ.
Кўдак чашмони ўро намедид, аҷаб андоми покизае дошт ин кўдак. Ва чашмонаш пўшида буданд. Саре аз парвози асп дар гардиш дошт, дашту майдон гирди онҳо давр мезаданд.
Ғилдираки кўдакон барин ҳама чиз ба хатҳои зарду сабзу кабуду сиёҳи сарбастаи мутаҳаррик табдил меёфт. Хатҳои суръат! Хатҳои суръат гирди онҳо мепечиданду танг ба ҳам меомаданд. Кўдак бехудона сар ба гардани асп фуровард.
Асп аз иродаи ў берун буд. Асп...
... Дастҳо чу морҳои ошиқ ба ҳам печиданд. Рў ба рўйи ҳам ниҳоданд, лаҳзае ором гирифтанд, гўё ғунуданд. Ва боз ларза дар онҳо афтод, чизе ба гўши ҳам гуфтанд. Шукуфтанду боз ғунча шуданд, дур шуданду наздик омаданд.
Ба ҳам печиданд ин дастҳо. Ва чу морон бозӣ доштанд, чу морони ошиқ ишқварзӣ мекарданд...
... Хатҳои суръат давродавр зиёд мешуданд, меафзуданд ва торафт фарох мегаштанд. Майдони този асп бекарон мешуд. Замину обу дарё, теппаҳо, ёлаҳо, ҳама гирди онҳо чарх мезаданд. Аспи сурх ҳамсоли одамӣ буд, обаш аз майи куҳнатарин буд, ки ангури онро Одаму Ҳаво аз боғи худ чидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё