Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Кўдак нодон буд ва ҳунари саворӣ надошт. Ва боз, намедонист, ки чӣ гуна аст асп; медавад ё парвоз дорад; фақат ёлҳои ўро медид, ки чу алангаи оташ пеши чашмонаш забона мезаданду бозӣ мекарданд...
... Дастҳо чу дил метапиданд. Ҳар он ҳиссиёту эҳсосе, ки ин ду танро дар миёни пахтаҳои баланд фаро гирифта буданд, ба дастҳо гузаштанд. Дастҳо сурх мешуданд, дока барин сафед мегаштанд, ранг мебурданд, ранг меоварданд, ноз мекарданд, итоб доштанд, дил низ ба рўйи дастҳо ғеҷида буд.
О, дар байни мардум, миёни бисёрӣ, чӣ гапҳое мегуфтанд онҳо, агар ҳозир ба забон биёранд, ҳар ду оташ хоҳанд гирифт. Аз якдигар чӣ қадар кўракҳо хўрдаанд; пешдоманҳои вазнини пурпахта низ бегоҳон чандин бор ба фарқи сари онҳо меҳмон мешуд! Чӣ қадар барои ҷои пеш дар тележка афту дарафт мекарданд. Ва ў ҳаргиз тасаввур намекард, ки як бегоҳӣ, пеш аз ғуруби офтоб, ў рў ба рўйи Сабо ана ҳамин тавр лол мемонад.
Онҳо чашм ба зер афканда буданд, вале ҳамдигарро медиданд. Ҳар боре, ки Хиёл шоҳиди ҷанҷоли калонҳои хона мешуд, дарҳол давида, духтарчаи ҳамсояро меовард.
Ҳар ду дар пеши онҳо бозӣ мекарданд.
- Ҳаминака намегирӣ? Чӣ духтараки хўшрўй аст! – мегуфтанд онҳо, вақте ки ҷанҷолашон басанда мегашту хурсанд мешуданд.
- Чӣ хел мегирам? – мепурсид Хиёл.
- Зан мекунӣ, арўс! – мегуфт модараш.
- Не, - мегуфт Хиёл.
Акнун баъзе гапҳоро сарфаҳм мерафт. Мешунид, ки модарашро «Зани Охун» мегуфтанд. “Ҳо, зани акаи Усмон!»- ҷеғ мезаданд ўро ҳамсояҳо. Падараш ўро «Очаи Хиёл» мегуфт. - Ту бачаи маро мегирӣ? – мепурсид очаи Хиёл аз Сабо, агар ў вақти хушҳолиашон он ҷо мебуд. – Бин, чашмоша, чашми модараш барин сип-сиёҳ, мўяша бубин, мушк барин, даҳана бубин – писта, рўя бубин – кулчаи ширмол. О хурумта, бачаме! – дўстдорӣ мекард Хиёлро модараш дар пеши Сабо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё