Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Мусиқии ашъори Камол. Шайх Камол аз шуароест, ки мусиқии ғазалиёташ басо ҷаззоб ва гўшнавоз аст. Ин нуктаро худи шоир низ борҳо таъкид кардааст:
Чу ин ғазал сару пояш дақиқу ширин аст, Сазад, ки нағмасароён бад-ў кунанд оҳанг.
Ё худ:
Муғанниё, суханони Камол борик аст, Бихон ба чанг, ки борик нағмае дорад.
Ва инчунин:
Мутриб аз гуфтаи ў гар ғазале хоҳад хонд, Гўш доред, ки дурри суханаш мавзун шуд.
Вазн, ки аз таркиби ҳаракот, саканот ва таносуби он дар адад ва миқдор ҳосил мешавад, бузургтарин омили шеър аст ва шеър дар навбати худ – гунае аз мусиқӣ. Вазн унсури шакл аст, вале ҳаргиз ҷудо аз мазмун намеояд. Вазн нохудогоҳона дар баробари мазмун меояд ва мутобиқати ин ду, яъне, вазн ва маъно фасоҳат ва латофати каломро таъйин менамоянд.
Агар ба мусиқии дохилии ғазалиёти Камол мутаваҷҷеҳ шавем, пай мебарем, ки низоми савтии он бештар бар таносуби овоӣ дар тўли як мисраъ ё байт оҳанги гўшнавоз эҷод мекунад:
Бозам ба ноз куштӣ, сад ҷон фидои нозат, Ман зиндатар аз онам, гар рағбат аст бозат.
Дар ин байт такрори овозҳои «з», «о», «т-д», «м-н» навои хушоҳанги мусиқиро тавлид кардааст.
Дар байтҳои дигар низ садоҳои мукаррар бағоят латиф ва хушнаво ба ҳам ҷўр шудаанд:
Сари рақсу сарандозист сарву лоларо бо ҳам, Сиҳисарве ба даст орему дар пояш сар андозем.
Нест маро дўсттар аз дўст, дўст, Ўст маро дўст, маро дўст ўст.
Дар ғазалиёти Камол ҷо-ҷо қофияҳои дарунӣ низ риоя шудаанд, ки зарбе аз шеъри Мавлонову самои сўфиёнаро ба ёд меоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё