Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Пай бурда ба кўи ту, то ёфта бўи ту, Осуда ба рўи ту аз ҷаннату аз ҳурем.
Эй ҷони гаронмоя, ту ҳуриву мо соя, Бо мо чу ту наздикӣ, мо аз ту чаро дурем.
Мусиқӣ маъмулан дар шеърҳое, ки радиф доранд, беҳтару бештар эҳсос мешавад. Чунончи, истифодаи радифҳои мураккаби хушоҳанге амсоли «нагўем, чӣ гўем», «гуфтан натавон», «ҳамин бас аст», «агар бошад, аҷаб бошад», «гуфтиву рафт» ва ғайра дар ғазалиёти Камол савту оҳанги муассир эҷод кардаанд.
Туро раҳме ба он чашмон агар бошад, аҷаб бошад, Мусалмоне ба Туркистон агар бошад, аҷаб бошад.
Санъатҳои саволу ҷавоб, пурсишҳои риторикӣ, илтизом, такрор, тарсеъ, таҷнис ва ғайра низ дар шакли муколамаҳои лутфомез, ҳозирҷавобии маъшуқа ва оҳанги табиии гуфтугўи мардумӣ мусиқии дохилии ғазалиётро аз якнавохтӣ раҳо кардаанд. Шиддати саволу ҷавоб, тундгўиҳои маъшуқа ва саволҳои таҳдори ў ба оҳанги калом бетаъсир намондаанд:
Гуфтам, эй симдаҳан! Гуфт: Киро мегўӣ?
Гуфтам, эй аҳдшикан! Гуфт: Чиҳо мегўӣ?
Гуфтӣ, аз пешам бирав, бигзар зи ҷон, – гуфтию рафт, Қисса кўтаҳтар, бимир, эй нотавон, – гуфтию рафт.
Ҳамин тариқ, як нигоҳи иҷмолӣ ба муҳимтарин унсурҳои шеър: тасвир, забон ва мусиқӣ вежагиҳои нодири ғазалиёти Камолро равшан мекунад ва тозакориҳои ўро дар назми пуровозаи форсӣ ба намоиш мегузорад.
Фақат ҷои сарбаландӣ ва ифтихор мемонад, ки ҳанўз ҳафт қарн қабл аз ин ниёи бузурги мо шўҳрати Хуҷандро то дуртарин марзҳои зисти нобиғагони сухан бурда ва дурри дариро бо ҳунари бешабеҳи худ суфта буд.
Соли 2006

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё