Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Баъд аз «Тўҳфат-ул-ҳабиб» радоиф-ул-ашъорсозӣ дар адабиёти форсу тоҷик ба ҳукми анъана даромад.
«Равзат-ус-салотин» – тазкираи салотин аст, ки дар он зикри 80 нафар подшоҳу ҳокими шоир аз Баҳроми Гўр то Шоҳ Ҳасани Арғун оварда шудааст. Агар боби панҷуми «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар зикри мулук истистино шавад, асари Фахрии Ҳиравӣ нахустин намунаи тазкираи махсуси салотин мебошад.
Ва ниҳоят, «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» – аввалин тазкираи занони суханвар аст, ки дар бораи он баҳси муфассалтаре дар назар аст.
Маълум мешавад, ки Фахрии Ҳиравӣ адиби навпардозест, ки дар анвои мухталифи тазкираҳои мавзўӣ дасти аввал доштааст ва ўро ба ҳайси саромади радоиф-ул-ашъор, тазкираи салотин ва тазкираи нисвон метавон муаррифӣ кард.
Аҳмад Гулчини Маонӣ дар «Таърихи тазкираҳои форсӣ» дар бораи ҳамаи нусхаҳое, ки то имрўз аз ин асарҳо маҳфуз мондаанд, маълумот додааст.
Тақиуддини Авҳадӣ дар «Арафот-ул-ошиқин» хабар медиҳад, ки «Ифтихори замон Мавлоно Фахрӣ дар санаи нўҳсаду ҳафтод дар Ҳинд буда ва маддоҳии Султон Салимабегим
– ҳарами Акбарподшоҳ ва маддоҳии Шоҳҳасан ибни Шуҷоъ [Шоҳбек] Арғунӣ бисёр карда, девонаш қариб ба панҷ ҳазор байт дар Агра ба назар расид». Аммо ба қавли Сайид Ҳисомиддини Рошидӣ, ки солҳо дар таҳқиқи осори Фахрии Ҳиравӣ заҳмат кашидааст, девонаш то имрўз дастрас нест.
Девони нопурраи Фахрии Ҳиравӣ иборат аз 110 ғазал ва баргирифта аз «Тўҳфат-ул-ҳабиб»-и ў якҷо бо «Равзат-уссалотин» ва «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» бо тасҳеҳу таҳшияи Рошидӣ соли 1968 дар Ҳайдаробод ба табъ расидааст ва аз ин нусха чанд матлаи ғазал ба далели шоирии ин марди фозил ин ҷо нақл мешавад:
Набошад раҳ ба худ сўи дарат ҳар бесару поро, Хаёли наргиси масти ту бехуд мебарад моро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё