Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Кори моро чун намехоҳад ба сомон ёри мо,
Ҳеҷ сомоне нахоҳад дошт ҳаргиз кори мо.
Дӣ сабоҳ аз бом рух бинмуд ёрам беҳиҷоб,
Маҳ гумон мебурдамаш, аммо баромад офтоб.
Хуррам диле, ки ишқи ту манзил дар ў гирифт,
Хуш хотире, ки бо ғами ишқи ту хў гирифт.
Ҳар шаб зи хаёли ту кунам даст дар оғўш, Як лаҳза ба ҳуш ояму як дам равам аз ҳуш.
Ашъори Фахрии Ҳиравӣ иборат аз рубоиву маснавӣ, қасида ва ғазалиёт аст.
Нахустин сарчашмаҳое, ки дар бораи Фахрии Ҳиравӣ маълумот додаанд, ба ин тартибанд: «Таърихи Синд»-и Мир Маъсум, «Хулосат-ул-ашъор»-и Тақии Кошӣ, «Арафот-улошиқин»-и Тақии Авҳадӣ, «Маосири Раҳимӣ»-и Абулбоқии Наҳовандӣ, «Хазинаи ганҷи илоҳӣ»-и Волеҳи Доғистонӣ, «Маҷмаъ-ун-нафоис»-и Хони Орзу, «Мақолат-уш-шуаро»-и Алишери Қонеъ, «Суҳуфи Иброҳим»-и Иброҳими Алихон, «Хулосат-ул-афкор»-и Абўтолибхони Табрезӣ.
Ҳамаи муаллифон ба Фахрии Ҳиравӣ баҳои баланд дода, дар ситоиши ў аз ҷумла гуфтаанд:
Мир Маъсум: «Марде хуштабъ ва аз акобир буда...».«Арафот»: Ифтихори замон... зубдат-ул-муаллифин, умдатул-фусаҳо... хуштабиат ва фозил буда». «Маосири Раҳимӣ»:
«Мавлоно Фахрӣ шоир ва хушнавис буд».
«Маҷмаъ-ун-нафоис»: «Фахрии Ҳиравӣ аз ҳамсўҳбатони Амир Алишер буд. Гўянд, ҳамон тарҷумаи «Маҷолис-ун-нафоис»-и амири мазкур, ки туркӣ буд, аз ўст».
«Суҳуфи Иброҳим»: «Фахрии Ҳиравӣ аз муосирон ва надимони Амир Алишер буда... аз шоирони Ҳинд аст, Мадҳи Султон Салимабегим ва Акбарподшоҳу Ҳасан ибни Шуҷои Арғун намуда».
Ҳини дар Синд будан бар асари як ғазали Меҳрӣ ба хотири Фахрии Ҳиравӣ фикри ҷамъ овардан ва тартиб додани тазкирае иборат аз зикри ном, аслу насаб ва ашъори занон расидааст. Ба қавли мусанниф «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» ба номи Ҳоҷӣ-бегим навишта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё