Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ашъори ошиқона бештар дар тағаззул, ки қисмате аз қасида буд ё гоҳе дар шакли ғазали ибтидоӣ, инчунин дар қолаби рубоиёту абёти пароканда, ки анвои мувофиқе барои шеъри ишқӣ буданд, гуфта мешуд.
Тавсиф на танҳо дар ашъори ошиқона, балки дар тасвири табиат ва ҷузъиёти он, масалан, боғу чаман, наргису лола, бунафшаву савсан, борону барф, бод ва ғайра чун воситаи баён хидмат кардааст.
Дар шеъри ин давра васфи шароб хеле зиёд аст. Дар ин маврид ранги шароб, таъми он, софӣ, бўй, тарзи тайёр шуданаш, таъсири он ба табъи инсон ва дар иртибот ба ин маъниҳо соқӣ, ҷом, пиёла ва ғайра аҳамият дорад.
Бо вуҷуди он ки дар замони Сомониён ҷангу ҷидол зиёд набуд, вале калимоте, ки бо ҳарбу зарб алоқаманданд, ба мисли теғ, хун, душман, асп, лашкар басомади бештар пайдо мекунад.
Ва ниҳоят, дар мавриди вежагиҳои фикрӣ ва маъноӣ бояд шеъри марсия низ ёд шавад, зеро аз ин давра абёти фаровоне дар сўги шоҳону вазирон ва шуаро боқӣ мондааст, аз ҷумла ашъори Рўдакӣ дар рисои даргузашти Шаҳиди Балхӣ ва Муродӣ, Абўтоҳири Хусравонӣ дар марги Абулмасал ва Шокири Ҷуллоб, Абулаббоси Рабанҷонӣ ба ёди Наср ибни Аҳмад ва ғайра шоистаи зикр аст. Ин ашъор дар қолаби марсия, ки намунаҳои аввалинаш ба забони форсӣ маҳз дар ҳамин давра рўи кор омад, гуфта шудааст. (Дар адабиёти илмӣ гоҳе аз марсияи куҳане бо номи «Сўги Сиёвуш» ёд мешавад, ки то рўзгори мо нарасидааст).
Дар сабки марсиянависӣ ду хусусияти ҷолиб мушоҳида мешавад:

  1. Барои гуфтани марсия вазнҳои шўх қобили истифода нест.
  2. Дар марсия калимаҳои вежаи рафт, мурд, гузашт, марг, видоъ, фироқ ва вожаҳои ифодакунандаи ҳиссиёт: ҳайфо, дардо, дареғо ба кор рафтаанд.
пешина
аз 500
навбатӣ