Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Чунонки, Рўдакӣ дар мазаммати нафаре гуфтааст:
Чархи фалак ҳаргиз пайдо накард, Чун ту яке сифлаи дуни ҷакур.
Хоҷа Абулқосим аз нанги ту
Барнаканад сар ба қиёмат зи гўр.
Дар ҳаҷвгўӣ шоирон сифатҳои нописанди мухотабони худро мазаммат мекарданд (ришаки ганда ва палидаку зишт, пои лангу дасти шал, ба як чашм кўру ба як чашм коҷ (Маъруфии Балхӣ), кибру лофу дасти тиҳӣ (Рўдакӣ) ва гоҳе бо натиҷагирии умумӣ хумор мешикастанд, ба мисли Шаҳиди Балхӣ, ки гуфта буд:
Зани пилишти талотуфу аҳриманкирдор, Нигар, нагардӣ гирди ў, ки дармонӣ.
Ҳини хитоб ба ҳампешагон низ шоирон аз доираи адаб пой берун намениҳоданд ва аз ҳадди эътидол намегузаштанд:
Даъво кунӣ, ки шоири даҳрам, валек нест Дар шеъри ту на ҳикмату на лаззату на чам.
(Шаҳиди Балхӣ)
Ҳаҷв маъмулан дар ин замон дар қолаби абёти пароканда ва қитъа гуфта шудааст.
Шеъри ошиқона мавзўи писандидаи шоирони аҳди Сомонӣ аст. Дар ашъори ошиқонаи ин давра маъшуқ дар аксари маврид як нафари заминист, ки бо ў мешавад ситезаву пархош кард ва, дар баробари ин, дар васфи рўю мўй, лабу даҳон ва қаду миёни ў ситоишнома гуфт. Маъшуқ ҳанўз мояи парастишу ситоиши аз ҳад зиёд нест ва шеъри ирфонӣ ҳанўз арзи вуҷуд накардааст.
Аммо маҳз дар ҳамин давра вожаву таъбироти шоиронае роҷеъ ба сўзи ишқу дарди ошиқ, зебоии маъшуқу ранҷи ҷудоӣ пайдо шуда, тавсифу ташбеҳҳое ба ҷузъиёти андому симои ў баста шуданд, ки баъдан ба таркибҳои рехта табдил ёфтанд. Шоирони ин давра лабро ба ақиқ, чашмро ба наргис, қадро ба санавбар, қоматро ба сарв, зулфро ба анбар, даҳонро ба садаф, дандонро ба дурру марҷон монанд кардаанд.
Дар шеъри ошиқона тавсиф аз васоити пуркорбурд маҳсуб мешуд ва дар давраи мазкур дар васфи маъшуқ, зулфу хату холи ў на танҳо сифатҳои симдандонаку шўх, балки тавсифҳои муфассале якҷоя бо ташбеҳро истифода мебурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё