Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Онҳое, ки ба доя будани мамдўҳи Фахрии Ҳиравӣ эътимод доранд, абёти зеринро асос мекунанд, ки воқеан бар тарбиятгар будани ў далолат менамояд:
Комгори бахту давлат Моҳими Билқисқадр,
Он ки шуд парварда ўро дурри шоҳӣ бар канор.
Дар сипеҳри некроӣ моҳи тобонӣ тамом,
Он чунон моҳӣ, ки хуршедаш бувад оинадор.
Аммо гумон аст, ки абёти зер дар мавриди доя гуфта шавад:
Пардадори боргоҳи қадри ту хони Хито,
Зангии дарбони қасрат подшоҳи зангбор…
Ҳотами Тоӣ, гар эҳсони туро дидӣ ба хоб,
Чашм накшодӣ, ки то гоҳе нагардад шармсор.
Доғи ҳасрат бар дилу ҷони адўи давлатат, Хуш бувад чун хол бар рўи бутони гулузор.
Аммо агар қавли аввалиҳо дуруст бошад, боз як саволи дигаре беҷавоб мемонад, ки чаро мусанниф ба китоби худ исми Салимабегимро, ки низ шоир буд, ворид накард?
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки масъалаи кӣ будани Ҳоҷибегим ва Моҳимбегим чандон равшан нест. Як нукта дар ин маврид аниқ аст, ки сухан дар бораи зани бофарҳангу суханпарваре меравад, ки дар маҷлисҳои адабии худ ба зарофаву бадеҳаҳо таваҷҷўҳи махсус зоҳир мекарда ва сабаби дар «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» зиёд будани ҳамин навъ ашъор низ бо завқи ин зани баландмақом иртибот дорад.
Таърихи таълифи тазкира, чунонки зикр шуд, бо ғазали Меҳрӣ, ки ба Фахрии Ҳиравӣ илҳом бахшидааст, алоқаманд аст ва сабаби таъсири ин ғазал бар расоӣ ва назокати он аст.
Шеъри Меҳрӣ бар татаббўи ғазали Ҳофиз бо матлаи:
Ёд бод он ки сари кўи туам манзил буд, Дидаро равшанӣ аз хоки дарат ҳосил буд, – гуфта шудааст. Ва агар ба ин ғазал аз назари ҳунар таваҷҷўҳ шавад, ба дасти қавӣ доштани соҳиби он дар шеър ҷои шак намемонад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё